Қарзҳои хурд барои рушди демократия дар Тоҷикистон
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико қабули дархостҳоро барои қарзҳои хурди бебозгашти Комиссияи рушди демократия барои соли 2012 эълон менамояд.Тавре дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мақсад аз ин барнома додани қарзҳои хурди бебозгашт ба лоиҳаҳое мебошад, ки ба рушди сохторҳои демократии Тоҷикистон мусоидат менамоянд. Қарзҳои бебозгашт аксаран ба созмонҳои ғайриҳукуматию ғайритиҷоратӣ дода мешаванд. Ҳаҷми қарзҳо набояд беш аз 50 ҳазор доллари ИМА – ро ташкил диҳад. Вале авлавият ба он лоиҳаҳое дода мешавад, ки чорабиниҳои зикршударо барои маблағи камтар дар назар доранд. Барои гирифтани ҳуқуқи баррасии дархост созмони дархостдиҳанда бояд ба фаъолияте машғул шавад, ки ба рушди сохторҳои демократии Тоҷикистон мусоидат кунад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






