Қонуне, ки ба истиқлолияти энергетикӣ наздик месозад
Душанбе, 23 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия ва самарабахшии энергия»-ро баррасӣ кард. Лоиҳаи қонуни мазкур дар радифи дигар масъалаҳо 23 январ дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, матраҳ шуд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯии энергия ва самарабахшии энергия» бо мақсади ҷалби мутахассисони варзида дар бахши энергетика, истифодаи сарфакорона ва самарабахши энергия, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ноил гардидани Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ таҳия шудааст. Ҳамзамон дар ҷаласаи Шӯро лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва дигар санадҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






