Қонуншиканиҳо ошкор гардиданд
Хоруғ, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Дар бинои суди вилоятӣ бо иштироки судҳои шаҳру навоҳии ВМКБ нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Масъулини шӯъбаи Шӯрои адлияи вилоят изҳор доштанд, ки солҳои охир ба дониши касбии судҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда мешавад.Барои такмили донишҳои ҳуқуқии онҳо ҳар гуна давраҳои омӯзишӣ ҳам дар ҳудуди вилоят ва ҳам берун аз он доир мегарданд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо он аст, ки судяҳо ҳангоми баррасии ин ё он парванда ба иштибоҳ роҳ надиҳанд, зеро дар пасманзари ҳар як парвандаи ҷиноӣ тақдири инсон ҷой дорад.Ба гуфтаи сардори шӯъбаи Шӯрои адлияи вилоят Аловиддин Меҳмонов, дар давоми соли гузашта ба судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бештар аз 200 парвандаи ҷиноӣ ворид гардида, 137 — тои он сари вақт мавриди баррасӣ қарор гирифта ва нисбати 132 нафар ҳукм бароварда шуд. Дар мавриди риояи қоидаҳои қонун оид ба ҷашну анъанаҳо ҳафт ҳодисаи қонуншиканӣ ошкор гардида, шахсони гунаҳкор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






