Ҳар суханеро ҷоеву ҳар нуктаеро мақоме

Январь 20, 2012 17:01

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар»).-Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,” ки баъд аз ҷамъбасти фикру андешаҳои мардум ва дастгирии онҳо қабул гардид, бешубҳа аз дӯши мардум сангиниҳоро рафъ кард ва ба онҳо сабукиҳои зиёд муҳайё намуд. Вале фикри он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳеҷ нақше дар кори ба низом овардани тӯю маъракаҳо надорад, ришваситонӣ аз ҷониби масъулини соҳаи танзим зиёд мешавад ва ё нархи як маърака ва ё туй ба 2700 сомонӣ мерасад, асос надорад ва ба ҳамин монанд тахминҳои беасос, ки гӯё Кумитаи дин аз посух додан ба саволи хабарнигорон худдорӣ мекунад, ки дар сомонаи www.ozodi.org омадааст: “Тақрибан ду рӯз қабл аз ин нишасти хабарии раиси Кумитаи дин сурат гирифт ва Абдураҳим Холиқов, раиси ин Кумита, бо вуҷуди исрори журналистҳо, ки вақт кам асту суол додан мехоҳанд, қироати матни гузориши худро идома медод,” манзури эшон ҳамчунин буд, ки гӯё раиси Кумитаи дин аз ҷавоб додан ба суолҳои хабарнигорон канораҷӯӣ мекард. Вале рӯзноманигорони мӯҳтарам бояд каме дар мавриди ин ройзаниҳо андеша кунанд. Барои мисол, тибқи нақша бояд нишасти хабарӣ дар доираи як соат баргузор мегардид, вале ба хотири он, ки баъд аз нишасти матбуотии Кумитаи дин нишасти матбуотии навбатӣ бояд дар соати 13-00-и ҳамон рӯз баргузор мегардид, аз Кумитаи оид ба корҳои дин хоҳиш карда шуд, ки сӯҳбатро 10 дақиқа пештар оғоз намояд, то ки 10 дақиқа пештар анҷом ёбад, вале бо сабаби он, ки суолҳои хабарнигорон зиёд буд, нишаст то соати 15-05 дақиқа идома ёфт. Тахминан соати 14-30 дақиқа гузориши Раиси Кумитаи дин анҷом ёфт ва дар маҷмӯъ Раиси Кумита 30 дақиқа ба суолҳои хабарнигорон посух дод. Ва ниҳоят ба охирин суоле, ки ба ў дода шуд, берун аз вақти пешбинишудаи нишаст дар ҳудуди 10 то 15 дақиқа посух дода шуд. Пас, барои чӣ рӯйи матлабе, ки аз ҳақиқат дур аст, ин қадар моҷаро пайдо гардид.Масъалаи дуввуме, ки атрофи он баҳс сурат гирифтааст, маблағи харҷи як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ баъд аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки он ба 2766 сомонӣ рост омадааст. Инро дар баъзе рўзномаҳо шарҳ ва мавриди интиқод қарор додаанд. Ва чунин далел овардаанд, ки оё масъулин фикр намекунанд, ки нархи як гов ва як гӯсфанд чанд аст, фақат қимати як гов ва як гӯсфанд аз 3000 сомонӣ боло меистад, пас чӣ гуна метавон гуфт, ки нархи як маърака ба 2766 сомонӣ рост меояд. Қабл аз он, ки ба ин суол посух гӯем, як чизро зикр кардан ба маврид аст, ки бояд рўзноманигорони мӯҳтарам пеш аз баёни матлабе, ки ироа менамоянд, бояд дар хусуси он ҳамаҷониба фикр намуда ва баъдан доир ба он изҳори назар кунанд. Дар хабарномае, ки дар дасти рўзноманигорон рўзи баргузории нишасти матбуотӣ дар таърихи 09. 01 .2012. қарор дода будем, омадааст, ки «Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии танзими анъана ва чашну маросимҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар соли 2011 дар миқёси ҷумҳурӣ 130 ҳазору 841 адад маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 361 миллиону 144 ҳазору 858 сомониро ташкил дода, хароҷоти як маърака ба ҳисоби миёна дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба 2766 сомонӣ рост омад. Дар ин ҷо хароҷоти танҳо хўроки додашуда дар чор маърака (чил, сол, хатнасур ва туйи домодию арусӣ) дар якҷоягӣ дар назар дошта шудааст. Масрафи дигар, аз қабили либосворӣ, ҷиҳоз ва ғайра ба ин ҳисоб дохил намешавад. Агар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули Қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории як маърака додани хўрок ба ҳисоби миёна ба 8750 сомонӣ рост меомад, ки барои баргузории 130 ҳазору 841 маърака 1 миллиарду 144 млн 858 ҳазор сомонӣ маблағ масраф мегардид». Мисоли дигар, дар ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ 793 ҷуфт домоду арўс ва 18 356 писарбача ба тариқи дастаҷамъона аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ашхоси саховатпеша хатнасур шудаанд. Масрафи ин маъракаҳо тибқи ҳисобҳои Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сари ҳар як писарбача 400 сомонӣ рост меояд. Агар ҳар як писарбача ба алоҳидагӣ хатнасур карда шавад, пас худ қазоват кунед, ки он ба чанд сомонӣ рост меомад? Масъалаи дигари муҳими шариат адои маносики ҳаҷ намудан аст, ки яке аз фаризаҳои дини ислом буда, чи гуна баргузор шудани он дар мавсими «Ҳаҷ- 2011» дар Тоҷикистон, нигарониҳои баъзе одамон ва муқоисаи нархномаҳо нисбат ба кишварҳои ҳамсоя ва ғайра мебошад, ки дар хусуси ин масъала мудири шӯъбаи ташкили ҳаҷ ва робитаҳои хориҷии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсупов чунин мегӯяд: «Нархи ҳаҷи имсола на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон боло рафт ва оддитарин қиёс худи кишварҳои минтақа ва ба мо ҳамсоя мебошад. Барои мисол, тибқи иттилои сомонаи Tengrinews.kz, нархи ҳаҷ дар Қазоқистон имсол 3700 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ҷумҳурии Ӯзбекистон, тибқи иттилои ғайрирасмӣ, 3500 доллари ИМА ва бинобар хабари The Daily Afghanistan Муҳаммадюсуф Ниёзӣ- вазири иршод, ҳаҷ ва авқофи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, нархи ҳаҷ 3100 доллари ИМА-ро дар кишвараш ташкил медиҳад ва сабаби баланд шудани онро дар боло рафтани нархи сӯзишворӣ ва баланд шудани нархи меҳмонхонаҳо дар Арабистони Саудӣ қаламдод кардааст. Дар мақолаи таҳти унвони «Нархи маскан дар Арабистони Саудӣ барои ҳуҷҷоҷ ду баробар шудааст» чунин омадааст, ки танҳо нархи чиптаи тайёраҳо барои рафту баргашт 1400 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Ва бояд ишора намуд, ки се вақт хўроки гарм, қурбонӣ ва баъзе хизматрасониҳое, ки барои зоирони тоҷикистонӣ мушоҳида мешавад, зоирони Афғонистон аз онҳо мустасно мебошанд. Ва агар нархи хидматрасониҳои мофавқро ба болои 3100 доллари ИМА зам кунем, нархи он шояд аз 3500 доллари ИМА болотар шавад. Рўзноманигор иброз намудааст, ки Ҷумҳурии Қирғизистон чӣ тавр тавонист, ки ин корро бо 2600 доллари ИМА ба роҳ монад? Бале, ҳарчанд дар чандин мусоҳибаҳо ба ин масъала ишора шудааст ва боз зикр кардан ба маврид аст, ки тафовути ин гуна пастшавии нарх байни ин ва ё он кишвар вобаста ба мавқеъ ва масофаи ҷойгиршавии меҳмонхонаҳо нисбат ба Ҳарам дар шаҳри Маккаи мукаррама мебошад. Нархи меҳмонхонаҳои ба Ҳарам наздик қимат буда, вобаста ба дуршавии масофа нархи меҳмонхонаҳо арзонтар мешавад. Ба гуфтаи сарчашма, агар Кумитаи дин метавонист, ки интиқоли ҳоҷиёнро тавассути дигар ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба роҳ монад, шояд ин ба нарх таъсири мусбат мерасонид? Дар ин хусус як чизро бояд зикр намуд, ки соли 2009 нархи чиптаи ҳавопаймои рафту баргашт 1500 доллар буд ва ҳол он ки интиқоли ҳоҷиёнро ҳавопаймоҳои хориҷӣ (Баҳрайн) анҷом медоданд ва шумо хуб ёд доред, ки соли 2009 нархи 1 литр сӯзишворӣ 3 — 3,5 сомонӣ буд, ҳоло нархи ҳар литри он ду баробар афзудааст ва танҳо фарқ миёни соли 2009 ва 2011 100 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Он тарафашро худатон қазоват кунед. Мо бояд каме фикр кунем, ки кишварҳое ба монанди Қазоқистон ва ё Ӯзбекистон, ки содиркунандаи нафту газ ба шумор мераванд, нархи ҳаҷ дар онҳо дар ин сатҳ аст ва қишвари мо, ки воридкунандаи нафт маҳсуб мешавад, дар кадом сатҳ. Мавриди зикр аст, ки дар ҳамон шабу рӯз нархи бензин дар Ҷумҳурии Қазоқистон чор сомонию 20 дирам ва нархи ҳаҷ дар онҳо 3700 доллари ИМА-ро ташкил медод. Нархи бензин дар Тоҷикистон аз шашуним то ҳафтуним сомонӣ буд ва нархи ҳаҷ дар Тоҷикистон 3448 доллари ИМА-ро ташкил медод. Пас, моро месазад, ки некбин бошем ва нодидаю насанҷида ба ҳар гуна суханҳо бовар накунем. Рўзноманигор суолгузорӣ менамояд, ки магар намешуд тавассути ширкатҳои хусусӣ, яъне бо роҳи заминӣ ҳаҷро ба роҳ монанд, ба фикрам, хеле арзонтар мешуд, чӣ тавре ки 10-12 сол қабл ширкатҳои ба ном ҳоҷибарак тавассути автобусҳо ва микроавтобусҳо ҳоҷиёнро мебурданд ? Ба ин суол чандин бор ҷавоб додаем, вале боке нест, ки бори дигар бар он рўшанӣ андозем. Мутаассифона, шахсоне ҳастанд, ки одамонро ба ҳар гуна роҳу васила фиреб дода, мехоҳанд пули бе дарди миён ба даст биёранд. Чунин афрод, мутассифона, то ҳол вуҷуд доранд ва худи ҳамин сол ҳам як идда зоиронро ба доми фиреби худ афтониданд. Яке аз фирефтагон, намехоҳем ному насаби ӯро изҳор намоем, сокини маҳаллаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Ӯро Нурулло ном шахс бо лақаби «мавлавӣ» ба маблағи 5000 доллари ИМА бо ваъдаҳои зиёд озими Арабистони Саудӣ мегардонад, вале ҳангоми адои ҳаҷ ба ягон ваъдаи худ вафо намекунад. Боиси таассуф аст, ки баъди ба ватан баргаштан писарони ў ба чигунагии рафту омад, ранҷу азияти падарашон бехабарӣ ва бетарафӣ зоҳир намуданд. Танҳо чизе, ки мо аз онҳо фаҳмидем, ин буд, ки падараш ҳанўз ҳам бемор асту дар бораи ҳаҷ намехоҳад ёдоварӣ шавад. Ҳамчунин ба монанди ин ҷабрдида боз як гурӯҳи дигари ҳоҷиён буд, ки рўзи ба Макка расидан соатҳои дароз дар даруни автобусҳо бесаробон монданд. Вақти ғуруби офтоб бо мудохилаи Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ онҳоро дар минтақаи ал- Азизия дар меҳмонхонаҳои хайрия ҷой карданд. Зане аз байни онҳо ба намояндагӣ аз дигарон бисёр шикоят мекард,ки 4500 доллари ИМА гирифтанд ва бо сабабҳои ба мо норавшан аз мо боз 180 доллари ИМА рӯёниданд. Нафари дигар сокини ноҳияи Қумсангир буда, дар Макка роҳгум зада, ба меҳмонхонаи ҳоҷиёни Тоҷикистон омад Ҳангоми сӯҳбат хаста ва рӯҳафтода менамуд, гӯё аз зиндагӣ дигар умед надошт. Ҳамроҳаш ягон ҳуҷҷати зарурӣ надошт- на шаҳодатнома, на чипта, на бағоҷ ва на нишоне, ки аз Тоҷикистон буданашро ифода кунад. Ба қавли ӯ, Маҳмадҷони Масчоҳӣ ном шахс ӯро бо ҳамроҳии чанд нафари дигар бо ваъдаҳои зебо озими хонаи Худо намудааст, вале дар ин ҷо аз он ваъдаҳо нишоне нест. Ӯ мегӯяд, ки меҳмонхона дар Макка аз Ҳарам хеле дур аст, қариб як соат роҳ рафтан лозим меояд ва ба сарой монандӣ дорад. Ҳар рўз бо рафиқонаш якҷоя ба Ҳарам меомаду пас мерафт. Имрўз аз рафиқонаш ҷудо шуда, аз тарси гумшавӣ ду рўз аз ҷояш наҷунбида, ёронашро интизорӣ кашидааст, ки шояд ба суроғаш биёянд. Ҳоҷиён ўро ба меҳмонхона оварда, то қадри имкон ба ў кӯмак карданд.Чанд муддат нагузашта, боз бо ҳамин ҳоҷӣ дар шаҳри Мадина вохўрдем, ки аз ҳоҷиёни тоҷик, агар дағал ҳам шавад, гадойӣ мекард. Маълум шуд, ки ба ў ба ивази 5000 доллари ИМА супурдааш хоҷагонаш чиптаи яктарафаи ҳавопаймо додаанд. Вақте аз ӯ пурсидем, ки чӣ қадар маблағ ҷамъ кардаӣ, дар ҷавоб гуфт, ки 200 риёл (50 доллари ИМА). Чунон рўҳафтода буд, ки гиря гулӯгираш карда буд ва бисёр нигарон буд, ки ҳамаи нафарони ҳамроҳаш ба ватан баргаштаанд. Дар ёду хаёлаш на адои ҳаҷ буду на чизи дигар, танҳо чизе, ки ўро таскин мебахшид, пушаймонӣ буд. Сипас бо кӯмаки кормандони Ситоди Ҳаҷ 700 доллар қарз пайдо намуда, барои харидории чиптаи ҳавопаймо мусоидат карда шуд. Акнун худатон қазоват кунед, ки кадом роҳ барои адои ҳаҷ беҳтар аст. Дафтари матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Январь 20, 2012 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд