Ҳисор дар авҷи бунёдкориҳо
Ҳисор, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Сокинони ноҳияи Ҳисор баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 3000- солагии тамаддуни Ҳисор сайю кӯшиши беандоза доранд,- иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон Баҳриддин Солеҳов. То таҷлили ин ҷашни таърихӣ сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ, идораҳои маъмурию давлатӣ ва боз ҳам обод кардани калъаи бостонии Ҳисор дар нақша аст. Алҳол таҳияи нақшаи кулли ободонии шаҳри Ҳисор дар арафаи анҷомёбист. Ҳамчунин рӯзҳои наздик Барномаи рушди ноҳияи Ҳисор таҳия ва тасдиқ хоҳад шуд. Кишоварзони ноҳияи Ҳисор соли сипаригардидаро хеле хуб ҷамъбаст намуданд. Деҳқонон ва чорводорони ноҳия нақшаи истеҳсоли пахта, пилла, шир, гӯшт ва меваю сабзавотро пурраву барзиёд иҷро намуданд. Масалан, истеҳсоли гӯшт ба 797 тонна расид, ки 144 фоизи дурнамои солонаро ташкил медиҳад.Боиси шодмонист, ки баъзе хоҷагиҳои номдори ноҳияи Ҳисор ба мактаби пешқадами чорводорони ҷумҳурӣ табдил ёфтаанд. Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ, ки дар он муовинони раис, мудирони шӯъбаҳо, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҳузур доштанд, раиси ноҳия ва дигар масъулин ба саволҳои сершумори хабарнигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






