Ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти солона
Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Дар шаҳри Душанбе маҷлиси ҳисоботӣ аз рӯи натиҷаи фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ дар соли 2011 баргузор гардид. Зикр шуд, ки масъалаҳои рушди ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷи дур, аз ҷумла бо мамлакатҳои араб таваҷҷӯҳи хосаро талаб мекунад. Дар робита бо ин тасмим гирифта шуд, ки фаъолияти сохтори дахлдори хадамоти муҳоҷират дар ин самт густариш дода шавад. Роҳбари хадамоти муҳоҷират Сафиалло Девонаев аз хусуси проблемаҳои тарбияи кадрҳои болаёқат муфассал нақл карда, гуфт, ки дар Федератсияи Русия ва кишварҳои дигари хориҷи дур муҳоҷирони меҳнатиеро ба кор қабул мекунанд, ки касбу тахассуси дахлдор дошта бошанд. Роҳбарияти хадамоти муҳоҷират натиҷаи фаъолияташро дар соли 2011 ҷамъбаст намуда, самтҳои асосии иҷрои корҳоро дар соли ҷорӣ муайян кард. Иштирокдорои ҷаласа ҳамчунин дурнамои фаъолияти хадамоти муҳоҷиратро барои соли 2012 тасдиқ намуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






