Ӯзбекистон интиқоли газро ба Тоҷикистон аз нав давом дод
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Имрӯз, 6 январ, Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро, ки субҳи 4 январ қатъ намуда буд, аз нав давом дод. Ин ба туфайли созишнома дар бораи соли 2012 ба Тоҷикистон фурӯхтани гази табиии Ӯзбекистон, ки онро 5 январ ҶС «Ӯзтрансгаз» ва ҶС «Тоҷиктрансгаз» дар шаҳри Тошканд имзо намуданд, имконпазир гардид. Чунин паймон аз рӯи натиҷаи сафари ҳайати ҳукукматии Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба даст омад. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ҶС «Тоҷиктрансгаз» хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, тибқи шартномаи имзошуда имсол ба Тоҷикистон 200 миллион метри мукааб гази табиии Ӯзбекистон фурӯхта мешавад.Соли ҷорӣ нархи газ нисбат ба арзиши соли гузаштаи он арзонтар мегардад. «Соли гузашта аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 180 миллион метри мукааб газ ворид шуда буд. Нархи як ҳазор метри мукааби он то охири моҳи ноябри соли гузашта 285 долларро ташкил медод. Ҷониби Ӯзбекистон аз моҳи декабр нархи як ҳазор метри мукааб газро баробари 311 доллар намуд», — тавзеҳ дод манбаъ. Хотирнишон месозем, ки Ӯзбекистон субҳи 4 январ бидуни огоҳии пешакӣ ба Тоҷикистон интиқол додани гази табииро қатъ намуд. 5 январ ҳайате бо роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов барои гузаронидани гуфтушунид аз рӯи масъалаи ба ҶТ интиқол додани газ ба шаҳри Тошканд рафт.Истифодабарандагони асосии гази табиӣ дар Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии «Талко», ҶС «Тоҷиксеменит» ва як қатор корхонаҳои дигари саноатии кишвар мебошанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






