Анҷоми кишти тирамоҳӣ
Кӯлоб, 3 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов ). – Кишоварзони ноҳияи Данғара кишти тирамоҳии зироати кишоварзиро ба итмом расонида, нақшаро 100, 1 фоиз иҷро намуданд. Кароматулло Назаров, сардори раёсати кишоварзии ноҳия гуфт, ки деҳқонони ноҳия дар 25 ҳазор гектар ғалла кишт кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 289 гектар зиёд аст. Ба шароити заминҳои обӣ ва лалмии ноҳия навъҳои гандуми «Краснодар», «Стеклавид», «Жагер», «Ҷайҳун» мутобиқ буда, хоҷагиҳои деҳқонӣ бештар аз ин навъи тухмӣ истифода мебаранд. Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия 1000 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, деҳқонони он ба зироаткорӣ, чорводорӣ, боғдорӣ ва паррандапарварӣ машғуланд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






