Анҷумани адибони форсизабон таъсис меёбад
Душанбе, 4 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар ояндаи наздик байни се кишвари форсизабон –Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон Анҷумани адибони форсизабон созмон дода шавад. Ин пешниҳодро Абдулҳамид Самад, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон зимни вохӯрии шоирону адибони тоҷик бо ҳайати фарҳангиёни Эрон дар Душанбе ироа кард. Мақсад аз таъсиси анҷуман таҳкими ҳамкориҳо байни шоирону нависандагони кишварҳои фосирзабон аст. Тавре ки Абдулҳамид Самад дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, алҳол ҳамкориҳои адибон ва фарҳангиёни кишварҳои форсизабон, хусусан Тоҷикистону Эрон дар сатҳи хуб қарор дошта, асару китобҳои шоиру нависандагони тоҷик дар Эрон ва бо эҳтимоми сафорати ин кишвар дар Душанбе низ нашр мегарданд. Инчунин сафари ҳайатҳои фарҳангии Тоҷикистону Эрон ба кишварҳои ҳамдигар сурат мегирад, ки он дар тақвияти равобити илмию фарҳангии ҳар ду давлат нақши муассир мебозад. Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои дигари марбут ба таҳкими ҳамкориҳои адабию фарҳангии Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуданд ва шоирону нависандагон пешниҳодҳои ҷолиб ироа намуданд. Бояд зикр кард, ки ҳайати фарҳангии эронӣ таҳти роҳбарии коргардони шинохтаи синамои ин кишвар Ҷамоли Шурҷа ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон қарор дошт.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






