Азми бинокорон
Хоруғ, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Л.Додо ). – Соли дуюм аст, ки дар ҷамоати деҳоти Поршнев бунёди иншоотҳои маркази маъмурӣ идома дорад. Дар иншооти асосӣ — бинои дуошёнаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки арзиши лоиҳавии он 4 миллион сомонӣ мебошад, корҳои сохтмонӣ дар авҷ аст. Корхонаи масъулияташ маҳдуди «Бунёд» (сарвараш Гулаҳмадшоҳ Шоҳсафедов) сохтмони ин биноро ба ӯҳда дорад.Бинокорон ба сардии ҳавои моҳи январ нигоҳ накарда, сохтмони иншоотро идома медиҳанд. Дар ин ҷо 68 нафар коргарон фаъолият доранд. Бинокорон аҳд кардаанд, ки бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнонро то моҳи июн бо сифати баланд мавриди истифода қарор диҳанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






