«Барқи тоҷик» ширкати зараровар аст?
Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар асоси таҳлили фаъолияти иқтисодии корхонаю муассисаҳо ва вазорату идораҳо, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузаронидааст, маълум гардид, ки соли 2011 дар ин корхонаҳо камбудию норасоиҳои зиёди молиявӣ вуҷуд доштаанд. Бино ба гуфти директори агентии мазкур Фатоҳ Саидов, таҳлилҳо нишон доданд, ки дар сохторҳои Вазорати энергетика ва саноат ба андозаи 15,7 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ -9,5 млн, Хадамоти гумрук -6, Хадамоти алоқа -3,9, Вазорати нақлиёт -3,6 млн, Бонки давлатии амонатгузорӣ «Амонатбонк» — 2,9, Вазорати маориф-2,3, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об -1,8, Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон –«Тоҷиксуғурта» -1,4, Вазорати тандурустӣ -1,3, Вазорати корҳои дохилӣ -1,1 ва Корхонаи воҳиди давлати (КВД) –и «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» зиёда аз 1 млн.сомонӣ зарарҳои млиявӣ ошкор карда шуданд.Дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи директори Агентӣ Фаттоҳ Саидов аз ҷумлаи 15,7 млн. сомонӣ зарари молиявии дар сохторҳои Вазорати энергетика ва саноат ошкоршуда беш аз 12 млн. сомонии он ба ташкилоту муассисаҳои зертобеи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи тоҷик» марбут буда, он зараровартарин ширкат дар миёни ҳамаи ширкатҳои ватании Тоҷикистон дониста шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






