Барқияи шодбошии Эмомалӣ Раҳмон унвонии Маҳмуди Ахмадинажод

Январь 11, 2012 09:02

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ифтихори 20-солагии муносибатҳои дипломатии ду кишвар барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
 
«Ҷаноби Олӣ Имрўз равобити ҳасанаи мардуму кишварҳои мо дар марҳилаи басо муҳими таърихӣ қарор гирифтаанд. Дар иртибот ба санаи муборак дар таърихи навтарини муносиботи Тоҷикистону Эрон — бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатї — бо камоли мамнуният Шуморо сидқан табрику таҳният мегўям. ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҷумлаи нахустин кишварҳое мебошад, ки дар оғози бунёди Тоҷикистони навин истиқлолияти давлати ҷавони моро эътироф намуд. Пас аз соҳибихтиёр гардидани ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дўсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурўъ намуданд. Роҳи бистсолаи дар ин самт паймуда ҳақиқатеро таъийд менамояд, ки ду кишвар шарикони табии бо муштаракоти фаровони таърихӣ мебошанд ва тамоми имконоту воситаҳои мавҷударо барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкории муфиду фарогири ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту фаъолият сафарбар кардаанд. ҷониби Тоҷикистон аз он ҳам қаноатманд аст, ки солҳои охир дар ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар марҳалаи нави муносибатҳои амалии бунёдӣ оғоз гардидааст. Нишонаи возеҳи равобити муваффақонаи Тоҷикистону Эрон, ки имрўз сатҳи баландро касб кардаанд, суръати тоза пайдо кардани ҳамкориҳои мо дар бахшҳои энержӣ, бунёди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақл, кишоварзї ва коркарди маҳсулоти он, тавлиди масолеҳи сохтмонї ва таъсиси корхонаҳои муштараки саноатї мебошад. Мо таҳкиму густариши бемайлони ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонї, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дўстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгў ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб маҳсуб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем. Итминони комил дорам, ки мо бо саъю кўшишҳои якҷоя, дар асоси дастовардҳои бист соли гузашта, метавонем ҳамшарикии судманди кишварҳоямонро минбаъд ҳам идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи мардумонамонро ба зинаҳои олї бирасонем. Бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ва бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш ба Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва пирўзиҳои навин, ба мардуми дўсту бародари Эрон — саодату хушрўзї ва пешрафту шукуфої хоҳонам».Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ доданд.

Январь 11, 2012 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд