Барқияи шодбошии Ху Сзинтао унвонии Эмомалӣ Раҳмон

Январь 4, 2012 16:49

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар»). – Имрӯз Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: «Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумат ва халқи ҶМЧ, ҳамчунин шахсан аз номи худам ба Шумо, Ҷаноби Олӣ ва дар шахсияти Шумо ба Ҳукумати ҶТ ва халқи тоҷик табрикоти самимона ва орзӯҳои беҳтаринамро иброз медорам.Чин ва Тоҷикистон ҳамсояҳои дӯст буда, робитаи дӯстонаи байни халқҳои ҳар ду кишвар решаҳои чуқури таърихӣ доранд. Муносибатҳои дипломатии Чину Тоҷикистон дар давоми 20 соли баъди барқароршавии муносиботи дипломатӣ ба таври солиму муназзам рушд ёфтанд. Ҷонибҳо равобити зичи мақомоти баландпоя доштанд, сатҳи ҳамбоварии сиёсиро мунтазам баланд мебардоштанд ва бо ҳамкории мутақобилан муфиди худ дар бахшҳои иқтисодиёт, тиҷорат, нақлиёт, коммуникатсия, сохтмони инфрасохтор ва ғайра ба натиҷаҳои хурсандибахш ноил мешуданд. Тарафҳо якдигарро аз рӯи масъалаҳои муҳими дорои манофеи ҷонибайн устуворона дастгирӣ намуда, дар умури байналмилалию минтақавӣ зич ҳамкорӣ мекарданд, ба пойдории сулҳу суботи минтақа фаъолона саҳм мегузоштанд. Соли 2007 мову Шумо, Ҷаноби Олӣ, якҷоя Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо намуда ва бо ин васила таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқиро ҷиҳати рушди дурнамои муносиботи байни ҳар ду кишвар гузоштем. Баъди тайи 20 соли охир рушд ёфтани муносибатҳои сиёсии миёни Чину Тоҷикистон дӯстии байни халқҳои онҳо боз ҳам зичтару мустаҳкамтар гардида, ҳамкории мутақобилан муфиди дуҷониба ба сатҳи мислаш диданашудаи баланд расида ва он ба ҷонибҳо фоидаи воқеӣ бахшид. Мунтазам густариш бахшидани муносибатҳои ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории Чину Тоҷикистон сиёсати ногузири Ҳукумати Чин аст, ки он ҷавобгӯӣ манфиатҳои асосии ҳар ду ҷониб ва халқҳои онҳо мебошад. Чин Тоҷикистонро ҷиҳати пеш рафтан бо роҳи рушди мутобиқ ба воқеияти миллии худ ва саъю кӯшишҳои Ҳукумати ҶТ ва халқи онро, ки мақсад аз он ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, амнияту субот, ҳамчунин мадад ба рушди иқтисоди миллӣ аст, минбаъд ҳам дастгирӣ менамояд. Ман омодаам, ки якҷоя бо Шумо, Ҷаноби Олӣ, дӯстии анъанавӣ ва ҳамкории мутақобилан муфиди Чину Тоҷикистонро дар соҳаҳои мухталиф минбаъд ҳам таҳким бахшида ва бо ин васила рушди босуръату муваффақонаи муносибатҳои байни ҳар ду кишварро роҳандозӣ намоям. Таҳкиму рушди муттасили муносибатҳои неки хамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории байни Чину Тоҷикистонро таманно дорам.Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатии бардавом ва дар фаъолиятатон комёбиҳо орзӯ мекунам».

Январь 4, 2012 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст