Барқияи шодбошии Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба Ху Сзинтао

Январь 4, 2012 14:14

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар»). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Сзинтао барқияи таҳният ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин омадааст: Мӯҳтарам ҷаноби Раис, Имрӯз дар таърихи мову шумо рӯзи басо муҳим – бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Ҳукумати ҶМЧ аз ҷумлаи нахустинҳое буд, ки дар оғози барқароршавии Тоҷикистони навин соҳибихтиёрии давлати ҷавон, роҳи мустақилонаи рушди сиёсию иқтисодии кишвари маро эътироф намуд. Аз он вақт аллакай 20 сол аст, ки мо, чун ҳамсояҳои неку шарикони боэътимоди Созмони Ҳамкории Шанхай дӯстию ҳамфикриро таҳким бахшида, дар муборизаи зидди хавфу таҳдидҳои нав зич хамкорӣ менамоем, дар бунёди ояндаи бехатару суботи минтақа ва ҷаҳон фаъолона ширкат меварзем. Солҳои гузашта солҳои дорои воқеаҳои басо муҳим буданд. Тайи ин солҳо заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ гузошта шуд. Шартномаи ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки соли 2007 дар Пекин имзо шуда буд, бо дарназардошти хоҳишу маром ва орзую умеди халқҳои тоҷику чин таҳкурсии дарозмуддати равобит, мушорикати васеъ ва ҳамкории ду кишвару халқҳоро гузошт.Муносиботи имрӯзаи байни кишварҳоямон ибрати шоистаи амалу ҳамкории муваффақонаи давлати бузург бо ҳамсояҳояш мебошад. Ба ин муносибатҳо сатҳи баланди боварӣ ба якдигар, як будани муносиботи консептуалӣ ба доираи васеи проблемаҳои байналмилалӣ, эҳтироми гуногунии фарҳангҳо ва саъю кӯшиш баҳри рушди мутақобила хосанд. Бо дастгирии ҶМЧ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои ҳаҷман калони инфрасохторӣ дар амал татбиқ мешаванд, ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ босуръат рушд мекунад, робитаҳои байни ходимони илму фарҳанг густариш меёбанд. Бо камоли қаноатмандӣ метавон гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистону Чин дар сатҳи баланди рушду густариш қарор доранд.Ҳамсояю дӯстони накӯ ва ҳамкорони боэътимод будан – ин на фақат зуҳуроти майлу хоҳиши неки ҳар ду халқ аст. Тоҷикистону Чинро аз қадимулайём кӯҳҳои осмонбӯсу дарёҳои шӯх ба ҳам пайвастаанд. Таъриху фарҳанги халқҳои тоҷику чин ҷозибаи бузурги фарҳангию маънавии ду тамаддунро дорост. Бист соли охир ба таври боварибахш нишон дод, ки мушорикати таърихии мо, ки ба дастгирии васеи аҳли ҷамъияти ҳар ду мамлакат истинод мекунад, ояндаи бузург дорад.Мо аз дастоварди бузурги сиёсию маънавиямон, ки тайи ин солҳо якҷоя ба он ноил гаштаем, метавонем ифтихор намоем ва бояд ифтихор кунем. Муҳим аст, ки онро ҳифз намуда ва дастраси наслҳои минбаъда гардонем, то онҳо, тавре дар ҳикмати бостонии мардуми чин омадааст, аз зиндагии хеш зери сояи васеи дарахти дӯстие лаззат баранд, ки мо онро 20 сол муқаддам шинонида будем. Аминам, ки кишварҳои мо фақат дар сурати мустаҳкам намудани ҳамсоягии неку дӯстӣ, рушду густариш бахшидани мушорикату хамкории стратегӣ қодиранд, ки вазифаҳои муштаракро ҳал намуда ва бо назардошти майлу хоҳишу мустақилонаи халқҳои тоҷику чин бо роҳи рушди дуҷониба пеш раванд.Шуморо бо санаи муҳими таърихи муосири муносибатҳои дуҷониба – бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин — гарму ҷӯшон ва аз самими қалб муборакбод намуда, изҳори умедворӣ мекунам, ки мо бо такя ба дастовардҳоямон метавонем бо саъю кӯшишҳои якҷоя дар амри таҳким бахшидани пояҳои дӯстии вайроннашавандаи халқҳои тоҷику чин ба қуллаҳои нав расем. Эҳтиромоти бепоёну самимонаи ба Шумо, Аълоҳазрат, доштаамро қабул фармоед.

Январь 4, 2012 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст