Батареяҳои офтобӣ барои сокинони Роғун

Январь 18, 2012 10:18

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ба сокинони шаҳри Роғун 80 адад батареяҳои офтобӣ тақдим намуд. Ин иқдом бо ибтикору дастгирии Президенти ҶТ ба ифтихори 20 — солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, батареяҳои офтобӣ дар чаҳорчӯбаи ҳамкории Вазорати энергетика ва саноати ҶТ бо мушорикони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ оварда шуда буданд.Қаблан миқдори зарурии батареяҳои офтобӣ ба муассисаҳои бахши кишоварзии ноҳияҳои Дарвоз, Норак, Айнӣ, Мастчоҳ, Балҷувон, Ховалинг ва ВМКБ тақдим шуда буданд, ки теъдоди умумии онҳо 2000 ададро ташкил дод.

Январь 18, 2012 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд