Беҳтарин «Романи замони истиқлол» кадом аст?
Душанбе, 6 январ.(АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Имрӯз дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Романи замони истиқлол» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муҳаққиқону адибон романҳои дар замони истиқлол нашршударо таҳлилу баррасӣ намуданд. Профессор Мисбоҳуддини Нарзиқул атрофи бурду бохти романҳои замони истиқлол маърӯза намуд ва «Ҳайҷо»-и Урун Кӯҳзод ва «Гардиши девбод»-и Абдулҳамиди Самадро аз ҷумлаи муваффақтарин романҳои ин давра унвон кард. Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун зикр кард, ки аксари романҳои солҳои охир аз нигоҳи услубиву забонӣ ва банду басти бадеӣ заъф доранд ва бояд нақди адабӣ ба онҳо баҳои ҳаққонӣ диҳад. Бояд зикр кард, ки дар тӯли 15-соли охир дар арсаи адабиёти тоҷик романҳои зиёд ба вуҷуд омаданд, аммо на ҳамаи онҳо ба талаботи жанри роман ҷавобгӯянд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






