Бохти «Арсенал» ва ғалабаи «МЮ»
Душанбе, 16 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар даври 21 чемпионати Англия дастаи «Арсенал» натавонист дар сафар ҳарифи худ «Суонси»-ро мағлуб намояд. Мизбонон нишон доданд, ки дар чемпионат дастаи сусту пурқувват вуҷуд надорад ва дар сурати бо тамоми ҳастӣ ҳунарнамоӣ кардан ба пирӯзӣ комёб шудан мумкин аст. «Арсенал» дар дақиқаи 5-уми вохӯрӣ тавассути голи задаи Робин Ван Персӣ ҳисобро боз кард, вале соҳибони майдон дар дақиқаи 16 аз ҷазои 11-метра бо зарбаи Скотт Синклер натиҷаро мусовӣ карданд. Дар қисми дуввум аввал Натан Дайер, сипас Тео Уолкотт ба муваффақият ноил шуданд. Голи задаи Денни Грэм ба соҳибони майдон ғалаба овард. Дар ин давр «Челси» бар «Сандерленд» 1 :0 (Лемпард), «Манчестер Юнайтед» бар «Болтон» 3:0 (Скоулз, 45+1. Уэлбек, 74. Кэррик, 83), «Блекберн» бар «Фулҳем» 3:1 (Педерсен, 45+4. Данн, 46. Формика, 79 — Дафф, 56), «Норвич» дар сафар бар «Вест Бромич» 2:1 (Лонг, 68, с пенальти — Сурмэн, 43. Морисон, 79) пирӯзӣ ба даст оварданд. Вохӯрии байни дастаҳои «Ливерпул»бо «Стоук Сити» — 0:0 ва «Тоттенҳэм» бо «Вулверҳэмптон» — 1:1 (Модрич, 51 — Флетчер, 22) мусовӣ ҷамъбаст гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






