Дар Қӯргонтеепа театри муосир бунёд мешавад
Қӯрғонтеппа, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Дар шаҳри Қӯрғонтеппа коллеҷи санъат ифтитоҳ мегардад. Тавре сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Бурҳониддин Раҷабов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, вақтҳои наздиктарин сохтмони коллеҷ оғоз ёфта ва то соли 2015 анҷом меёбад. Ба гуфтаи Б.Раҷабов, дар коллеҷ мутахассисони бахши клубу китобхонаҳо, актёрон ва журналистон тайёр карда мешаванд. «Ифтитоҳи коллеҷ имкон медиҳад, ки масъалаи кадрҳо дар бахши фарҳанг ҳал гардад» — афзуд Б.Раҷабов. Сардори раёсати фарҳанг ҳамчунин зикр намуд, ки дар доираи барномаи рушди фарҳанг бояд театри муосир бунёд гардад. Театри ҳозираи шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов, ки дар миёнаи қарни гузашта сохта шуда буд, ҳоло ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






