Дар арафаи 100 – солагии ҷашни матбуоти тоҷик
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар ҷаласаи навбатии раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон масъалаи омодагӣ ба таҷлили 100 – солагии ҷашни матбуоти тоҷик, ки 11 март баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор гирифт.Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов иштирокдорони ҷаласаро аз ҷараёни омодагӣ ба ҷашни касбии ташкилоти журналистони ҷумҳурӣ воқиф намуд. Барои танзими фаъолияти иштирокдорони ин лоиҳа кумитаи тадорукотӣ таъсис ёфта буд, ки ба он роҳбарони ВАО, матбааҳо ва намояндагони масъули Вазорати фарҳанги ҶТ шомиланд.Мувофиқи тасмими ташкилкунандагони ин тадбир соли ҷорӣ ба барномаи анъанавии чорабиниҳои идона тағйироти ҷиддӣ ворид карда мешавад. Дар навбати аввал, хусусияти роҳандозии чорабинӣ тағйир меёбад. Ба тантана собиқадорони матбуот ва оилаҳои журналистони ҳалокшуда низ даъват шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон тақдим мешавад. Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаи ворид намудани тағйироти қисмӣ ба низомнома дар бораи мукофоти асосии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ, ки ҳар сол барои асарҳои беҳтарини журналистӣ супурида мешавад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки ба ифтихори 100 – солагии ҷашни матбуоти тоҷик ба тариқи истисно теъдоди мукофотҳо зиёд карда шавад. Аъзои раёсат пешниҳоди А.Сатторовро дар мавриди зарурати ташкили осорхонаи журналистика дастгирӣ намуданд. Директори генералии Маҷмааи рӯзномаю маҷаллаҳои «Шарқи озод» Ёқуб Исмоилов омодагии худро ба ҷудо намудани бинои махсус барои ин мақсад иброз дошт. Дар робита бо ин, Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон идораҳои ВАО, муҳаққиқони таърихи журналистика ва матбуоти тоҷик, ҳамчунин шахсони манфиатдорро даъват менамояд, ки ин ташаббусро дастгирӣ карда ва барои ҷамъоварии нигораҳои осорхона кӯмак намоянд.Санаи оғози матбуоти тоҷик мувофиқи анъана рӯзи интишори аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» дониста шудааст. Дар ин бора котиби масъули раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Пӯлод Нуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






