Дар дастгоҳи Раиси шаҳр кор кардан мехоҳед?
Душанбе, 31 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Шаҳрдории Душанбе барои дарёфти сардорону кормандон ва мутахассисон дар Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, шӯъбаҳои кор бо занон ва оила, доир ба корҳои дин, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ташкилӣ, нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва коммуникатсия, муроҷиат ва қабули шаҳрвандон, муҳосибот ва хоҷагӣ, кадрҳо, коммуналию муҳандисӣ, сохтмон ва ободонӣ, корҳои махсус, таҳлилӣ ва иттилоотӣ озмун эълон менамояд. Хоҳишмандон имкон доранд ҷиҳати иштирок дар озмун ва мушарраф гаштан ба мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо телефонҳои 221-62-56, 221-62-84 муроҷиат намуда, маълумоти пурра гиранд. Мавриди зикр аст, ки дар озмун афзалияти бештар ба довталабоне дода мешавад, ки то соли 1992 мактабҳои олии мамлакатро хатм кардаанд ё худ дар хориҷи кишвар дорои маълумоти олӣ шудаанд, аз рӯи ихтисос таҷрибаи кории роҳбарӣ доранд. Озмун то 27 феврали соли 2012 идома ёфта, натиҷааш 29 феврал мушаххас мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






