Дар вилояти Хатлон трансформаторҳои нав васл шуданд
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев ). – Тавре сардори муассисаи шабакаҳои барқи қисми ҷанубии вилояти Хатлон Асадулло Раҳимов ба журналистон хабар дод, ҳоло ба ноҳияҳои вилояти Хатлон мувофиқи реҷа дар як шабу рӯз 8 соатӣ қувваи барқ дода мешавад. Мувофиқи суханони манбаъ, дар ҳоли ҳозир пардохти маблағи истифодаи нерӯи барқ масъалаи ҳалталаб шудааст, зеро то имрӯз қарзи корхонаҳо аз мақомоти андоз 210 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Назар ба хабари манбаъ, имсол энергетикҳо ба фасли зимистон муфассал тайёрӣ дида, зеристгоҳҳо ва хатҳои интиқоли барқро сари вақт таъмир намуданд. Ҳамчунин барои эҳтиёҷоти истифодабарандагони қувваи барқ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 67 трансформатори нав васл шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






