Дастхат ва китоби чопи сангӣ-тӯҳфа ба Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – «Бо мақсади такмили бунёди Китобхонаи миллӣ бо адабиёт ва матбуоти даврии ватаниву хориҷӣ аз бунёди захиравии Президенти мамлакат 543 ҳазору 586 сомонӣ ҷудо шуд. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин мақсад аз шаҳрвандон, созмонҳо, вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳо, аз донишкадаву сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими пойтахт 2 млн. 550 ҳазору 303 нусха адабиёти гуногунмазмун ворид гардид»,- иттилоъ дод ба хабарнигорони ВАО Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон . Ҳамзамон тибқи қарордод аз Китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд 308 нусха дастхат ва китоби чопи сангӣ ба Китобхонаи миллӣ тақдим шуд. Дар айни замон бунёди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ ҷамъулҷамъ 5 млн. 631 ҳазору 641 нусха китоб ва дигар маводи иттилоотиро ташкил медиҳад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






