Гул Шералӣ: «Нархи истифодаи қувваи барқ баланд намешавад»
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Масъалаи баланд бардоштани тааруфаҳои истифодаи қувваи барқ дар соли 2012 яке аз масъалаҳои асосии нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2011 буд, ки 20 январ дар Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ бо иштироки вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ баргузор гардид.Вазир ҷавобан ба саволҳои журналистон дар мавриди ин масъала гуфт, ки баланд бардоштани тааруфаҳои истифодаи қувваи барқ ҳанӯз дар назар нест. «Баъди тарҳрезӣ ва аз ҷониби Ҳукумати ҶТ тасдиқ гардидани тааруфаҳои нав аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ аз он ҳамоно хабардор карда мешаванд», — қайд намуд вазир.Вазир ба масъалаи ба Тоҷикистон фурӯхтани гази табиии Ӯзбекистон дахл карда, гуфт, ки байни ҶC «Тоҷиктрансгаз» ва ҶС «Ӯзтрансгаз» паймоне шудааст, ки зимни он дар семоҳаи аввали соли 2012 ба Тоҷикистон 45 миллион метри мукааб газ бо нархи 300 доллари ИМА барои 1000 метри мукааби он интиқол дода мешавад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






