Густариши равандҳои ҳамгироӣ
Маскав, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова ). – 18 январ дар Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия аз рӯи натиҷаи фаъолияти дипломатияи Русия дар соли 2011 нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Вазири корҳои хориҷии Русия С.В. Лавров зимни суханрониаш рушди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ, аз ҷумла, аз ҷониби давлатҳои аъзои Иттиҳод имзо шудани Шартнома дар бораи минтақаи савдои озодро ба таври махсус қайд намуд. Вазири Русия перомуни фазои пасошӯравӣ сухан карда, тадбирҳоро ҷиҳати рушди муносибатҳои байни кишварҳо дар доираи СААД, ҳамчунин паймони Русия, Қазоқистон ва Беларусро дар мавриди аз 1 январи соли ҷорӣ гузаштан ба фазои ягонаи иқтисодӣ, ташкили нахустин мақомоти байнимиллии Комиссияи иқтисодии АвроОсиё ба таври хоса таъкид сохт.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






