Хобгоҳи беҳтарин муайян шуд
Душанбе, 4 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Хобгоҳи рақами 7-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар зинаи аввали озмуни «Хобгоҳи беҳтарин»-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт ҷой гирифт. Зинаи дуюм ва сеюми озмун насиби хобгоҳи №2-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, хобгоҳҳои рақами 2-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино ва рақами 1-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон шуд. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамзамон ба 3 хобгоҳи донишгоҳҳои тиҷорат, технологӣ ва санъат барои иштироки фаъолона ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Озмуни мазкур ба ифтихори ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани шароити зисту зиндагонии донишҷӯён дар хобгоҳҳо гузаронида шуд. Тибқи иттилои Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маориф гурӯҳи корӣ дар ҳайати 7 нафар дар тӯли беш аз ду ҳафта 25 хобгоҳро дидан намуданд. Дар баробари пешравиҳо дар хобгоҳҳо камбудиҳо низ ошкор гардиданд. Дар робита ба ин ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва мутасаддиёни хобгоҳҳо барои рафъи камбудиву норасоиҳо дастур дода шуд.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






