Ифтитоҳи боз як корхонаи истеҳсоли хишт
Суғд, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Самад Юсуфӣ).- Бо сарварии соҳибкор Аскархӯҷа Исохӯҷаев дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонӣ таъсис дода шуд. 22 хумдони корхона дар як шабонарӯз 5-6 ҳазор дона хишти сохтмонӣ истеҳсол менамоянд.Барои тайёр кардани хишти хом ва пухтани он зиёда аз 50 нафар сокини шаҳри Хуҷанд ва деҳаҳои ба корхона наздики ноҳияи Б.Ғафуров ба кор ҷалб шудаанд.Хати технологии корхона барои истифодаи сӯзишвории истеҳсоли худӣ -ангишт мувофиқ карда шудааст ва дорои сертификати сифат мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






