Имомхатибон ва давраи бозомӯзӣ
Душанбе, 9 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –«Фаъолияти як масҷиди ҷомеъ бинобар вайрон намудани талаботи қонун ба мӯҳлати 3 моҳ боздошта шуд. Ҳамзамон ба панҷ иттиҳодияҳои динӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Роғун ва ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ҳисор барои пешгирии қонуншиканӣ огоҳинома дода шуд»- гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов. Мавсуф қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши динии имомхатибон, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ аз таърихи 3 марти соли 2011 то 6 октябри соли 2011 дар ҳамкорӣ бо Фонди нуфуси СММ (UNFPA) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ 11 маротиба курсҳои бозомӯзии имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ҷумҳурӣ ташкил карда шуд, ки дар маҷмӯъ 448 нафар имомхатиб аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба он фаро гирифта шуд. Ҳамчунин зикр шуд, ки дар курсҳои бозомӯзӣ мавзӯъҳои ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ, донишҳои тахассусӣ ва ибтидоии динӣ, таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, танзими оила, нақши уламо ва ходимони дин дар пешгирии бемориҳои вогир (эпидемия), аз қабили ВИЧ/СПИД, баробарии гендерӣ, тарзи солими ҳаёт ва дигар арзишҳои ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таълим дода шуданд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






