Китоби нав перомуни масъалаҳои муҳоҷират
Душанбе, 31 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вақтҳои наздиктарин аввалин китоби муштараки муаллифони тоҷику рус аз чоп мебарояд. Маросими муаррифии китоб моҳҳои феврал — марти соли равон дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав сурат мегирад.Тавре аз маркази матбуоти Хадамоти муҷират ба АМИТ «Ховар» доданд, китобро Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии муҳоҷирати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон якҷоя бо олимони рус таълиф кардааст. Мувофиқи суханони директори Пажӯҳишгоҳи мазкур Раҳмон Улмасов, дар ин китоб ҳамаи ҷиҳатҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, проблемаҳои сиёсати муҳоҷиратӣ ва масъалаҳои идораи равандҳои муҷират зикр ёфтаанд. Китоб барои мутахассисон, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, кормандони ВАО ва шахсони дигари манфиатдор пешбинӣ шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






