Масоили коррупсия дар бахши таъмини об муҳокима мешавад
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 25 январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 11 – уми Шабакаи созмонҳои мушорикат бобати таъмини устувори об ва санитария дар мавзӯи «Эътирофи аҳамияти оби нӯшокӣ» баргузор мегардад. Дар ин бора аз намояндагии Оксфам (Британияи Кабир) дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Дар ҷаласа вазири мелиоратсия ва ахираҳои оби ҶТ Раҳмат Бобокалонов, директори кишварии раёсати оид ба рушду ҳамкории Швейтсария Питер Микула, иҷрокунандаи вазифаи директори кишварии Оксфам дар Тоҷикимстон Мадина Алибердиева иштирок менамоянд. Иштирокдорони машварт масоили андозгузорӣ ва коррупсия дар бахши таъмини оби нӯшокӣ, системаи маркази ягона ва ҷудо кардани замин барои гирифтани иҷозати бунёди системаҳои таъмини обро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






