Мессӣ: мехоҳам дар Аргентина бо футбол хайрбод гӯям
Душанбе, 12 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Ҳамлагари дастаи «Барселона», беҳтарин бозингари ҷаҳон дар соли 2011 Лионел Мессӣ ба хабарнигорон гуфтааст, ки дар Аврупо барои ӯ фақат як клуб вуҷуд дорад ва он «Барселона» мебошад. Мессӣ аз Аргентина ба Испания аз клуби «Нюэллс Олд Бойз» омадааст. «Ман худро дар «Барселона» хеле хуб ҳис мекунам, вале агар нақшаи хотима додани ҳунарнамоӣ дар футбол ба сарам ояд, орзу дорам онро дар ҳайати ягон клуби Аргентина ҷамъбаст кунам»-гуфтааст Мессӣ.Мессии 24 сола бо дастаи «Барселона» то соли 2016 шартнома бастааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






