Муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти нав таъмин мешаванд

Январь 12, 2012 11:31

Душанбе, 12 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – «Ҳамаи муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе таъмир шуда ва бо таҷҳизоти нав таъмин мегарданд», — гуфт дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2011 вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов. Вазир ҳамчунин қайд намуд, ки соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ беш аз 170 муассисаи тиббӣ таъмир шуда, бо дастгирии ташкилотҳои хориҷӣ ва соҳибкорони кишвар дар бисёр шаҳру ноҳияҳои мамлакат марказҳои тиббӣ сохта ба истифода дода шудаанд. Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин дар мавриди масъалаи хидматрасонии пулакии тиббӣ сухан ронда шуд. Вазири нигаҳдории тандурустӣ гуфт, ки ҳоло 153 муассисаи муолиҷавӣ ба усули хидматрасонии пулакӣ гузаронида шудааст.

Январь 12, 2012 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд