Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо Сафири ИМА

Январь 30, 2012 13:06

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 27 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири фавқулодда ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Кеннет Гросс баргузор гардид. Мусоҳибон масъалаҳои таҷлили иди Наврӯз ва моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир намудани конфронси панҷуми ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Сафири ИМА барои имконияти муҳокимаи масъалаҳое, ки таваҷҷӯҳи тарафайнро ба худ ҷалб мекунанд, изҳори миннатдорӣ намуда, ба Ҳ.Зарифӣ аз хусуси соли 2012 ба Тоҷикистон ташриф овардани шахсони расмӣ ва ҳайатҳои ИМА иттилоъ дод.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Январь 30, 2012 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд