Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо сафирони Аврупо ва ИМА
Душанбе, 6 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 5 январи соли 2012 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири Олмон Д.Ҳертрампф, Сафири Фаронса А.З. де Фабиони, Сафири ИМА К.Гросс, вакили муваққатии умури Сафорати Британияи Кабир М.Вудҳам ва иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон И.Нитрай мулоқот анҷом дод.Вазири корҳои хориҷӣ ба ҳозирон дар бораи тадбирҳои муҳиме, ки бояд соли 2012 дар Тоҷикистон рӯи кор оварда шаванд, иттилоъ дод.Вазир ҳамчунин таваҷҷӯҳи мусоҳибонро ба омодагӣ ба Конфронси минтақавии ҳамкории иқтисодӣ аз рӯи қазияи Афғонистон ки бояд моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор гардад, ҷалб намуд. Тавре вазири корҳои хориҷӣ зикр намуд, татбиқи ин чорабинии муҳим ба ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мусоидат намуда ва таҳкурсии ба ҳамкории минтақавӣ бештар ҷалб намудани Афғонистонро мегузорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






