«Назорат барои ҷилавгирии шиканҷаю коррупсия сахт мешавад»
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Вазири навтайини корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов ният дорад, ки муборизаро зидди ҷинояткорӣ вусъат бахшида, ислоҳоти Вазорати корҳои дохилиро таҳти назорати шахсиаш қарор диҳад. Вазир дар нишасти матбуотӣ, ки 20 январ баргузор гардид, дар ин бора ба журналистон изҳорот дод. «Аз ҷумла, мубориза ва назорат барои ҷилавгирии шиканҷа, коррупсия ва ҷинояткориҳо аз ҷониби шахсони ноболиғ сахт мешавад», — гуфт вазири ВКД. Вазир итминон дод, ки истифодаи асбобҳои сабти видеоӣ ба коҳиш ёфтани ришвахӯрӣ ва шиканҷа дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат мекунад. Соли 2011 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 16 ҳазору 864 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2010 – ум баробари 2 ҳазору 316 ҳодисаи ҷиноятӣ кам аст.Вазир сабаби афзоиш ёфтани ҷиноятҳоро дар зиёд шудани теъдоди ҷиноятҳои иқтисодӣ маънидод кард. Мувофиқи суханони ӯ, соли гузашта 2431 ҷинояти дорои хусусияти иқтисодӣ ба қайд гирифта шуд. Вазир ҷавобан ба саволи он ки оё вазъи ҷинояткорӣ дар кишвар ба таври воқеӣ арзёбӣ мешавад, гуфт, ки бо ибтикори ӯ дар охири соли 2010 маркази ба ҳисобгирии ягонаи ҷиноятҳо таъсис ёфта буд, ки маълумоти ҳамаи мақомоти вазоратро ҷамъбаст мекунад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






