«Нерӯи созанда»-и «Созандагони Ватан»

Январь 9, 2012 09:13

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — 6 январи соли 2012 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» танҳо бо иштироки донишҷӯёни мактабҳои олии пойтахт, ки дар асоси квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, махфил доир гардид. Аз ҷумла, донишҷӯён аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистони штирок доштанд. Адҳам Мирсаидов, раиси ташкилоти мазкур маҳфилро оғоз намуда, ҳадафи баргузории махфилро чунин баён дошт: «Мақсад аз гирд овардани донишҷӯёне, ки тибқи квота таҳсил доранд, аз он иборат мебошад, ки онҳо дар баробари оне ки бо диплом ва соҳиби ягон ихтисос ба зодгоҳи худ бармегарданд, мо кӯшиш менамоем онҳо дар як вақт ҳамчун ҷавони пешқадаму соҳиби ҷаҳонбинии муосир, ҳамчун як ташкилотчиву пешвои ҷомеаи худ баргарданд ва тавонанд, ки дар пайвандии фаъолияти ихтисосии хеш дар корҳои сиёсиву ҷамъятӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва сафарбар намудани ҷавонони минтақаҳои дурдасти мамлакат ба амали ободгароӣ раҳнамоӣ карда тавонанд». Баъди таклифу пешниҳодҳо ва баромаду суханрониҳо, донишҷӯён ба хулоса омаданд, ки ин маҳфил ба худ ҳукми доимиро гирифта, дар ду ҳафта як маротиба баргузор карда шавад ва дар ҳар маҳфил масъалае аз ҳаёти ҷавонони кишвар баррасиву муҳокима гардад. Бо дастгирии кулли иштирокдорон маҳфил «Нерӯи созанда» номгузорӣ шуд.

Январь 9, 2012 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд