Оғози тақсими замини наздиҳавлигӣ
Душанбе, 5 январ. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дирӯз тибқи қарори комиссияи ҷамъиятии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ доир ба ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба аҳолии эҳтиёҷманд дар деҳоти ҷамоати Роҳатӣ оғоз ёфт. Ин амал ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 11 – уми ноябри соли 2010 «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаҳои замин» роҳандозӣ гардид. Рӯзи 4 –уми январи соли 2012 ба 434 оилаи эҳтиёҷманди ҳудуди деҳоти Роҳатӣ ба андозаи 0, 06 гектар барои ҳар як оила замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд. Рӯйхати пурраи оилаҳои эҳтиёҷманди ҷамоатҳои деҳоти Роҳатӣ, Гулистон ва Қиблаӣ дар рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» чоп ва дар ҷойҳои намоёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои деҳот овехта шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






