Ошкорнамоии 7 ҳазор ҳолати қонунвайронкунии замин
Душанбе, 27 январ.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кумитаҳои заминсозии вилоятҳои Хатлону Суғд 7,5 ҳазор ҳолати қонуншикании заминро ошкор намуданд,- иттилоъ доданд аз Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, кумитаҳои заминсозии вилояти Хатлон дар соли 2011 чор ҳазору 796 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намудақонуншиканонро ба маблағи 912 ҳазору 690 сомонӣ ҷарима намуданд. Аз маблағи ҷарима 706 ҳазору 450 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳии вилоят гузаронида шудааст. Дар ин давра ҳамчунин 2 ҳазору 409 ҳолати вайрон кардани қонуни замин дар маҳалҳо бартараф карда шуд.Ҳолати қонуншиканӣ дар бобати замин ҳамчунин дар вилояти Суғд мушоҳида гардид. Кумитаҳои заминсозии шаҳру навоҳии ин вилоят 2 ҳазору 763 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуда, ашхоси қонуншиканро 637 ҳазор сомонӣ ҷарима намуданд. Кумитаҳои заминсозии вилоят ҳамчунин 1 ҳазору 955 ҳолати ғайриқонуниро дар маҳалҳо бартараф намуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






