Озмуни журналистони донишҷў
Дущанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дарёфти ҷоизаи махсуси ИЖТ ба номи профессор Воҳид Асрорӣ миёни донишҷӯёни шӯъба ва факултаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ озмун эълон менамояд. Маводи ба ҷоиза пешбаришаванда бояд дар қолаби жанрҳои журналистӣ эҷод гардида, инъикоси мавзӯъҳои рӯзмарра, таҳлилу тадқиқи мушкилоти муҳими рӯз ва тасвири ҷолиби симои қаҳрамонони муосирро дарбар гирифта бошад. Ба озмун матолиби дар давраи аз 1 марти соли 2010 то 1 марти соли 2011 дар матбуот, радио ва телевизион нашру пахшгардида қабул карда мешаванд. Довталабон асарҳои хешро дар қолаби жанрҳои ахборӣ на камтар аз 10 мавод; дар қолаби жанрҳои таҳлилӣ на камтар аз 5 мавод; дар қолаби жанрҳои бадеию публитсистӣ на камтар аз 3 мавод бояд то 10 феврали соли 2012 бо ишораи «Ба Озмун» ба ИЖТ (бо нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 1) расонанд. Озмун дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст гардида, ба ғолиби он диплом ва мукофоти пулии ҷоизаи ба номи профессор Воҳид Асрорӣ супорида мешавад. Дар ин бора аз котиботи ИЖТ хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






