«Паём»-и ботили Кабирӣ
Душанбе, 10 январ. (АМИТ «Ховар»).-Давлат ба ҷомеа барои он даркор нест, ки дар замин биҳишт бисозад, балки барои он даркор аст, ки ҳаёти ҷомеа ба дӯзах табдил наёбад. Агар маҷозан гӯем, «дӯзахи заминӣ» дар кишварамон ҳамон оташи ҷанги шаҳрвандӣ буд. Имрӯз давлати Тоҷикистон, хосатан Президенти мамлакат, кӯшиш карда истодаанд, ки «дӯзахи заминӣ» дар сарзамини мо такрор нашавад. Мо шоҳиди онем, ки бар асари фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва худкифо набудани давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон чӣ хел ва бо дасти кӣ дар ин сарзамин «дӯзах» қоим шуд ва оташи он ҳазорҳо ҷавонон ва ҳазорон оилаҳоро ба коми худ фурӯ бурд. Вале дар айни замон бояд дар назар дошт, ки сабабҳои рух додани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон масъалаи бисёр мураккаб аст ва таҳқиқи он назари васеътар ва амиқтарро тақозо менамояд. Аз ин нуқтаи назар, таваҷҷӯҳ ба пештаърихи он басо муҳим аст. Гап дар сари он аст, ки Иттиҳоди Шӯравӣ рақобати шадидро бо ҳарифони геополитикӣ ва идеологии худ бохта, бар асари он низоми байналмилалии сотсиалистӣ аз байн рафт ва худи Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд. Албатта, моҳият ва ҷузъиёти масъалаи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин маврид баёни муфассалро мехоҳад. Вале аз рӯи ҳаҷми мавзӯъ мо чунин имконият надорем. Мо танҳо ба як паҳлӯи масъала, ки ба мавзӯи мо робитаи бевосита дорад, ба таври хеле мӯъҷаз дахл мекунем . Моҳияти масъала дар чист? Масъала дар сари Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Албатта, ин ҳизб метавонист дар кишварамон ҳамчун ҳизби ҳоким боқӣ монад. Вале барои ин ҳизби мазкурро лозим буд, ки ҳадди ақал либоси идеологии худро иваз намояд ва аз ҳар гуна орзуҳои фавқулмиллӣ даст кашад. Вале ҷои таассуф аст, ки ин ҳизб замонасозӣ карда натавонист ва дар натиҷа аз фазои сиёсии миллӣ, бахусус аз саҳнаи давлатӣ ҳамчун қувваи фаъол дур карда шуд. Аммо саволе пайдо мешавад, ки бо дасти кадом қувва? Албатта, бо дасти билимкон қуввае, ки таърихан ва амалан нисбат ба ин ҳизби атеистӣ мавқеи оштинопазири ақидавию сиёсӣ дошт. Дар Русия, зимнан, доираҳои пасошӯравие буданд, ки вазъияти байналмилалии динии он замонро, ба хусус хусусиятҳои сохтории динию исломиро, чӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва чӣ дар кишвари мо, хуб медонистанд ва ҳатто то фурӯпошии Шӯравӣ оқибатҳои идеологӣ ва геополитикии омили коммунистиро пешбинӣ намуда, бо назардошти он ба пайдошавии исломи сиёсӣ ва ба яроқи зиддикоммунистӣ табдил додани он мусоидат намуданд. Ҳамин буд, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳайси шохаи исломи сиёсии дохилишӯравӣ бо дастгирии бевоситаи доираҳою хадамоти махсуси зиддикоммунистии абадқудрати вақт таъсис ёфта, зимнан вазифаҳои сиёсӣ, геополитикӣ ва идеологии он муайян карда шуданд. Акнун бевосита мегузарем ба мавзӯи баҳс. Мавзӯи баҳси мо аз таҳлили масъалаи бадгумониҳо дар «Паём»-и оғои Муҳиддин Кабирӣ иборат аст. Бино бар гуфтаҳои боло, тамоми «нуктаҳои муҳиме», ки оғои Муҳиддин Кабирӣ дар «Паём»-и худ тазаккур додаанд, тааммул ва андешаҳои ҷиддиро тақозо менамоянд. Оғои Кабирӣ аз ҷумла фармудааст: «Пеш аз ҳама набояд фаромӯш кард, ки муассисони Наҳзат ҷуз хидмат ба миллат ва дини хеш ҳадафи дигаре надоштаанд». Метавон пурсид, ки муассисони ҳақиқии Наҳзат дар ибтидо киҳо буданд, дар сурате ки ҳизби мазкур феълан дар хориҷи кишвар таъсис ёфтааст? Шояд орзуву омоли аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳам аз лиҳози маънавӣ ва ҳам аз лиҳози динӣ, содиқона ва холисона бошанд. «Ва Ӯ (таъоло) беҳтарин доварон аст» (Қуръон, 10:109). Вале аз лиҳози сиёсӣ ва геополитикӣ вазифаҳои Наҳзат хилофи ҳамин орзуву омолҳо буда, ҷараён ва натиҷаи корҳои он, ҷуз маънои хидмат ба бегонаҳо ва чуз амали хилофи арзишҳои исломӣ, чизи дигаре нест. Аз ин ҷиҳат, ҳар гуна даъвоҳо ва манманиҳои динӣ ва ахлоқии ҲНИТ беасос буда, ба ҳеҷ ваҷҳ на имрӯз ва на фардо мояи ифтихор ва қаҳрамонӣ шуда наметавонанд. Ва нуктае, ки оғои Кабирӣ зикр кардааст, бояд чунин баён мешуд: «Муассисони Наҳзат медонанд ва аъзои он бояд дарк кунанд ва фаромӯш нанамоянд, ки ин ҳизб аз лиҳози вазифаҳои сиёсӣ ва геополитикии худ яроқи бегонагон аст ва ҳадафи бегонагон аз он, ҷуз ба онҳо хидмат кардан ва вобастагии давлат, истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ, алалхусус худшиносии миллиро дар мавриди ҳуввияти динии тоҷикон зери хатар қарор додан, чизи дигаре нест. Ин аввалу охир ва ботини (ғайр аз зоҳири) моҳияти сиёсӣ ва геополитикии ҲНИТ аст». Дуруст аст, ки атеизм алифбои идеологияи давлати шӯравӣ буд ва дар он замон ба дин майдони васеъ дода намешуд. Зеро ҳуввияти динӣ, сиёсисозии он ва алоқаманд сохтани он бо масъалаҳои миллӣ ба ҷараёни ташаккул ва тараққии умумияти ягонаи халқи шӯравӣ мувофиқат намекард ва пеш аз ҳама бо ҳамин сабаб дин дар ҳошияи зиндагӣ, аниқтараш дар майдони ба дин хос қарор дода шуд. Вале аксарияти кулли мардум, махсусан дар Тоҷикистон, ба ҳувияти динию исломии худ эҳтиром мегузошт ва худро мусулмон меҳисобид. Аммо оғои Кабирӣ «аъзо ва ҷонибдорони ҳизб»-ро «ҳидоят» карда мегӯяд: «Низоми онрӯзаи шӯравӣ бо такя ба худфурӯхтагони ватанӣ, зиёиёни миллию мазҳабиро нобуд сохта, ба ҷои дин хурофотро боқӣ гузошт». Аввал ин ки ибораи «интеллегентсияи миллию мазҳабӣ» мафҳуман зидду нақиз буда, ба дини мубини ислом мувофиқ ва мутаносиб нест». Илова бар ин, дар ҷомеаи вақти шӯравӣ, аз ҷумла ҷомеаи онрӯзаи Тоҷикистон, зиёиёни ғайридинӣ низ буданд, ки онҳо ба хотири миллат қурбониҳои зиёд кардаанд ва нисбат ба арзишҳо ва эътиқодоти динию исломӣ эҳтироми махсус доштанд. Аз ин ҷиҳат, ба мантиқ ва низоми фикри миллӣ ин ибораи Кабирӣ мутобиқат надошта, ҳадафи он ғайр аз тафриқаандозии идеологӣ байни қаҳрамонон ва фидоиёни гузашта ва имрӯзаи миллати тоҷик чизе дигаре нест. Ба назари банда, бино бар он ки аксарияти «аъзо ва ҷонибдорони» ҲНИТ тоҷик низ мебошанд, истифодаи чунин ибора, ҳадди ақал, аз рӯи одоби миллӣ нест. Дар мавриди «худфурӯхтагони ватанӣ», ки Кабирӣ чунин ҳукмро нисбат ба онҳо раво дидааст, мо ҳаргиз қотеъона қазоват намекунем. Аммо тибқи одоби миллӣ, Кабирӣ набояд дар «Паём»-и худ чунин фикрро баён медошт. Зиёда аз он, фикри комилан хатои оғои Кабирӣ дар он аст, ки тазаккур додааст: «Низоми онрӯзаи Шӯравӣ… ба ҷои дин хурофотро боқӣ гузошт». Ба андешаи ман, бадбахтии миллати тоҷик дар ҳамин аст, ки Ҳизби Наҳзат даставвал мусулмонии халқи тоҷик, махсусан уламо ва пешвоёни бузурги шариат ва тариқатро, дар замони шӯравӣ зери шубҳа ва бадгумонӣ қарор дод. Имрӯз бошад, худи мӯҳтарам Кабирӣ ин фикр ва принсипи ботили идеологии Наҳзати онвақтаро бо забони худ такроран ва таъкидан баён дошта истодааст. Ба ибораи дигар, Наҳзати онрӯза ва Кабирии имрӯза ҳукм кардаанд ва карда истодаанд, ки дар замони Шӯравӣ дин ҷой надошт ва ба ҷои он хурофот буд. Ва аз ин хулоса мешавад, ки гӯё мардуми мусулмони вақт хурофотпараст будаанд. Мардуме, ки бо чӣ қадар ҷонфидоиҳо дину диёнати худро ҳифз карда буданд ва бо мусулмонии худ дар он замон фахр мекарданд, ихлос ба Худо, самимият дар диндорӣ ва муҳаббати мутақобили имониро бештар қадр мекарданд, бо як ҳукми Наҳзат, гумони ботили роҳбарияти он ба хурофотпараст маҳкум шуданд. Мӯҳтарам оғои Кабирӣ! Ҳамон сухане, ки Шумо аз ҳазрати Амиралмӯъминин Имом Алӣ овардед (сабаб чӣ бошад, ки номи ин бузургворро зикр накардед) ва онро ба бузургони дини кишварамон нисбат додед, пеш аз ҳама ба худи Шумо дахл дорад. Имом Алӣ мефармояд: «Ал-маръу ъадуввун лимо ҷаҳилаҳу» («Инсон душмани ҳар чизе аст, ки онро намешиносад»). Мутаассифона ва ҳамзамон бадбахтона, ки Наҳзати онрӯза ва Кабирии имрӯза дар диндорӣ ва худшиносии динии мардуми Тоҷикистон исломиятро нашинохтанд ва нисбат ба он бадгумонӣ варзиданд. Дар он рӯзҳо чунин андешаи динию сиёсии Наҳзат хато ва фитнаангез буд, ки нисбат ба бародарони мӯъмини кишвар дар замони шӯравӣ ба ноҳақ бадгумониро ба бор овард. Ҷои таассуфи зиёд аст, ки Шумо, мӯҳтарам Кабирӣ, боғаразона ояти каримаи Қуръони маҷидро вобаста ба чунин мавридҳо сӯиистифода карда истодаед. Бадтар аз ин, Шумо ин ояти каримаро бо таҳриф иқтибос кардаед. Шумо овардаед: «Эй мӯъминон аз бадгумонӣ дурӣ ҷӯед, ки бадгумонӣ гуноҳи бузург аст» (49/12). Аввалан, дар оят калимаи «бадгумонӣ» («сӯизан») наомадааст. Илова бар ин, Шумо калимаи «бадгумонӣ»-ро дар оят такроран зикр намудаед. Оё бо каломи Худо чунин бозӣ кардан аз рӯи одоб аст? Ин оят дар шакли дурусташ чунин аст: «Эй мӯъминон аз гумони бисёр дурӣ ҷӯед, ҳароина баъзе аз гумонҳо гуноҳ аст». Ба ибораи дигар, мӯҳтарам Кабирӣ (!) на ҳамаи гумонҳо ва ҳатто на ҳамаи бадгумониҳо гуноҳ мебошанд. Дар ислом ҳатто баъзе аз бадгумониҳо мубоҳ дониста мешаванд. Шумо, мӯҳтарам Кабирӣ, ин ояти зарифона ва ҳакимонаи Қуръони маҷидро таҳриф кардаед ва бо ҳазфи баъзе калимаҳо ва изофанависии калимаҳои дигар ба он мазмуни хаторо нисбат додаед. Мехостам, ки Шумо, мӯҳтарам Кабирӣ, чунин худраъйиро нисбат ба ояти раббонӣ ба «аъзо ва ҷонибдорони ҳизб»-и худ тавзеҳ диҳед. Вале бадтар аз ин, Шумо, тавре ки қайд карда шуд, гуфтед, ки «низоми онрӯзаи Шӯравӣ… ба ҷои дин хурофотро боқӣ гузошт» ва бо ин сухан Шумо бевосита имондорӣ ва исломияти динии мардуми мусулмони Тоҷикистони онрӯзаро мавриди сӯизан ва бадгумонӣ қарор додед. Шумо бояд донед, ки маҳз чунин бадгумониҳо, тибқи ҳамин ояти карима, гуноҳ мебошанд. Ва маҳз чунин бадгумониҳои Наҳзат ва алҳол шахсан Шумо ҳамчун роҳбари имрӯзаи ҳизб сабаби низои миллӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон шуда буданд ва метавонанд иғвои навро барангезанд. Дар ҳар сурат, маҳз чунин бадгумониҳои Наҳзат заминаҳои ахлоқию равонӣ ва идеологию сиёсии ҷанги дохилиро дар кишвар ба вуҷуд оварда, барои дахолати давлатҳои манфиатдори хориҷӣ ва хоҷагони Шумо шароити мусоид фароҳам оварданд. Бинобар ин, Шумо бояд дар ин маврид дар «Паём»-и худ ба «аъзо ва ҷонибдорони ҳизб» мегуфтед: «Яке аз гуноҳони бузурги мо он буд, ки нисбат ба имондории мардуми Тоҷикистон дар замони шӯравӣ, ба хусус аҳли хайр ва салоҳи он, бадгумонӣ зоҳир кардем ва ин сабаби фитнаи бузург дар кишвари азизамон шуд. Акнун мо бояд ба ҳар гуна бадгумониҳои худ нисбат ба имондории тамоми мардуми мусулмон, алалхусус пешвоёни шариат ва тариқат дар Тоҷикистон хотима бахшем ва дар баробари фитнаҳои доираҳо ва давлатҳои манфиатдори хориҷӣ ваҳдати динӣ ва ягонагию ризоияти миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем!» Акнун расидем ба «андешаҳои нави» равшанфикрони динии Наҳзат. Шумо дар «Паём»-и худ гуфтед, ки андешаи танзим ва камхарҷ кардани маросимҳо моли Наҳзат буд ва Шумо дар он замон бо ҳамин сабаб ба «ваҳҳобият» муттаҳам шудед. Аввал ин ки идеяи танзими маросимҳо, чӣ динӣ ва чӣ ғайридинӣ ва камхарҷ гузаронидани онҳо моли Наҳзат нест ва шуда ҳам наметавонад. Ин андеша моли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон буда, мазмуну моҳият ва ҳадафҳои он хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодӣ дошта ва мақсад аз танзими онҳо танҳо паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар аст. Бояд гуфт, ки дар замони Шӯравӣ масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ вуҷуд надошт. Баръакс, маҳз баланд будани дараҷаи некӯаҳволии халқ сабаби асосии исроф дар маросимҳо шуда буд. Аз ин рӯ, байни он рӯз ва имрӯз фарқ аст. Ва имрӯз мардум масъалаи танзими маросимҳоро хуб дарк мекунанд. Ва инчунин мардум хуб мефаҳманд, ки сабаби асосии паст шудани дараҷаи некӯаҳволии мардум ҳамон ҷанги шаҳрвандӣ аст. Ва идеяи ба қавли Шумо, оғои Муҳиддин Кабирӣ, танзими маросимҳо, ки Наҳзат пешниҳод карда буд, ба иллати хусусияти сиёсӣ доштанаш, баракс сабаби иғвоҳои динию сиёсӣ ва дар натиҷа сабаби ҷанги гражданӣ дар кишвар шуда буд. Ин -як тарафи масъала. Тарафи дигар ва муҳимтари масъала дар он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба паҳлӯҳои гуногуни он бисёр ҳакимона муносибат намуда, таваҷҷӯҳи мардумро танҳо ба ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодии танзими маросимҳо ҷалб намуд ва ба ҷанбаи имонию эътиқодии он дахл накард ва дар ҷомеа ягон хел бадгумониҳоро низ нисбат ба эътиқодоти динии мардум наангехт. Мутаассифона, тавре ки қайд намудем, Наҳзат ба масъала аз мавқеи сиёсию идеологӣ наздик шуд ва ифроту тафритро пеша кард. Наҳзати он вақт дини мубини исломро ба хурофот маҳкум намуда, кӯшиш ба харҷ дод, ки ба ҷойи он дар кишвар дидгоҳҳо ва консепсияҳои динию радикалии хориҷиро, махсусан ваҳҳобиятро, пеш аз ҳама бо дастгирии бевоситаи бегонагон ҷорӣ созад. Дар ин ҷо ҳам тафрит буд ва ҳам ифрот. Ифрот аз он ҷиҳат, ки Кабирӣ қудрати низоми атеистии шӯравиро барзиёд нишон додааст. Гӯё ин низом то ҳадде қодир буд, ки динро аз байн барад ва ба ҷои он хурофотро боқӣ гузорад. Оғои Кабирӣ, мову Шумо шоҳиди он ҳастем, ки низоме, ки ба қавли Шумо, «ба ҷои дин хурофотро боқӣ гузошт», худ аз байн рафт. Вале дини Худо бе он низом ва бе Наҳзат ҳам боқӣ монд ва хоҳад монд. Ва ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар байни мардум чи қадар исломситезӣ пайдо шуда бошад, он ҳам бо иғво ва фитнаангезиҳои Наҳзат буд. Ба ибораи дигар, мардуми мусулмон ва пешоёни дини ислом дар Тоҷикистон он исломеро, ки Шумо ба онҳо таҳмил мекардед, қабул накарданд. Ғайр аз ин, Шумо, Муҳиддин Кабирӣ, бояд донед, ки ин дин ба шарофати Қуръоне, ки Худо онро фурӯ фиристодааст ва дар дилҳои аҳли хайр ва салоҳ ҷой кунонидааст, ҳаргиз бо хурофот иваз карда нахоҳад шуд. Зеро нигаҳбони Қуръон ва қуръонияти имондорӣ ва диёнати мусулмонони кишвар худи Худо буд ва ҳаст. Оллоҳи бузург дар Китоби муқаддаси худ мефармояд: «Ба дурустӣ ки мо Қуръонро фурӯ фиристодем ва ҳамоно онро нигаҳбон ҳастем» (15:9). Илова бар ин, оятҳои 33 ва 40 аз сураи Тавба чунин ҳукми ботили Шуморо, мӯҳтарам Кабирӣ, бе асос гардонида, аз Шумо ҷавобгарии имонӣ ва шаръӣ талаб менамояд. Вале, сарфи назар аз ин, Шумо нисбат ба диндории мардуми мусулмони Тоҷикистони Шӯравӣ, аҳли хайр ва салоҳи он ва ҳатто нисбат ба Худои таоло (маъозаллоҳ) такзиб ва бадгумонӣ нишон додед. Гӯё Худои таоло ба мӯъминон кӯмак намекарда бошад ва низоми Шӯравӣ динро аз байн бурда, ба ҷои он хурофотро ҷорӣ кардааст. Бо ин суханатон, Шумо, мӯҳтарам Кабирӣ, метавонед ба зумраи «Аз-зоннина биллоҳи занна-с-сӯи (48:6)» дохил шавед. Оё гуноҳи аз ин бузургтар ҳаст, оғои Муҳиддин Кабирӣ! Гузашта аз ин, Наҳзат аниқтараш, роҳбарияти идеологӣ ва сиёсии он, ифрот варзида, барои муборизаи оштинопазир бо «хурофот», дурустараш-бо исломи мардумӣ ба идеологияи салафигароии «ваҳҳобият» рӯ оварда, зери пӯшиши он ба фаъолияти худ моҳият ва хусусияти сиёсӣ бахшид ва ҷанги ошкорои зидди исломи мардумӣ ва инчунин зидди коммунистиро дар либоси ҷиҳоди имон алайҳи куфр оғоз намуд. Дар натиҷаи чунин «ҷиҳоди» ифротгароёнаи Наҳзат дар як муддати кӯтоҳ шумораи зиёди одамон ба кофиру мушрик табдил ёфтанд ва ҷиҳоди наҳзатӣ шакли мусаллаҳонаро гирифт. Ба таъбири дигар, ин зиёдаравии салафигароии маҳз ва ифрот дар такфири амалӣ буд. Зеро Наҳзати он вақт бояд ба назар мегирифт, ки дар байни коммунистҳо низ эътиқодмандони дин хеле зиёд буданд. Вале, мутаассифона, тамоми коммунистҳо аз рӯи мавқеи сиёсӣ ва идеологии худ бидуни фарқгузорӣ аз рӯи ҷаҳонбинӣ ва эътиқод аз ҷониби Наҳзат ба куфр муттаҳам гаштанд. Акнун савол ба миён меояд, ки оғои Муҳиддин Кабирӣ кадом «равиши мӯътадили исломӣ»-ро дар назар дошта бошад, ки ба қавли ӯ, бузургони дини ислом дар Тоҷикистон аз рӯи ноогоҳӣ ё ноилоҷӣ онро пайравӣ карда наметавонанд ва ба «хурофот» чанг задаанду дар айни замон аз ҷониби Кабирӣ «маъзур» дониста мешаванд?. Баръакс. Равише, ки диндорӣ ва имони поки мардуми мусулмонро «хурофот» меномад ва бо ин хурофот ҷиҳод эълон мекунад ва нисбат ба хатибону имомҳои масоҷид ва пешвоёни дин бадгумонӣ зоҳир карда, баҳсу муноқиша ва мунозаъаи каломӣ ва фиқҳиро (дар ҳоле, ки ба ин кор Қуръон ҳидоят кардааст-4:59) бо онҳо сабаби фитна меҳисобад ва дар ин маврид амри Парвардигорро дар мавриди баҳсу низоъ оид ба умури ихтилофӣ доварии Китоби Худо ва суннати Расулоллоҳ (с)-ро намепазирад ва ё ба он мӯъминонро ташвиқ намекунад, магар равиши мӯътадили исломӣ аст? Ҳаргиз! Ва ин сабаб дорад. Сабаби асосӣ дар он аст, ки Шумо, мӯҳтарам оғои Кабирӣ, нисбат ба диндорони ғайринаҳзатӣ, алалхусус, ба қавли худи Шумо, нисбат ба «хатибону имомони масоҷид ва пешвоёни дин» муҳобот карда, пешфарзоёна сӯизан нишон медиҳед, онҳоро сабқан ва қаблалвуқӯъ аҳли низоъ меҳисобед. Магар ин равиши мӯътадил аст? Дар сурате, ки аксарияти онҳо дар умури динӣ нисбат ба Шумо, наҳзатиҳо, саводноктар мебошанд ва онҳо метавонанд дар бисёр масъалаҳо ба шумо кӯмак расонанд. Оллоҳи бузург дар китоби худ мефармояд: «Агар намедонед, пас аз аҳли илм суол кунед» (16:43). Дар ҳақиқат, агар Шумо, роҳбарони Наҳзат, мӯъминони ростин бошед, бояд дар ҳалли ҳар гуна низоъҳо сабқат ҷӯед ва бадгумониро як тараф гузоред. Вале Шумо аз сабаби надоштани зӯр ва тавоноии илмӣ ва қаблан шикастпазир будани андешаҳои эҳтимолан нав, вале усулан ботили худ аз баҳсу муноқишаҳои илмӣ худдорӣ менамоед. Ва ин исботи он аст, ки дар фаъолияти Шумо ҳадафҳои сиёсӣ ва ҷоҳталабӣ хеле боло истода, барои Шумо дини мубини ислом, ҳиссиётҳои муқаддаси динии одамон ва ҳатто ҳиссиётҳои динии аъзо ва ҷонибдорони Наҳзат ниқобе беш нест. Воқеан, банда нисбат ба имондории холисанлиллоҳи аъзо ва ҷонибдорони Наҳзат сӯизан надорам. Вале, ба назари ман, аксарияти аъзои ин ҳизб фирефтаи шиорҳои исломии роҳбарияти он гаштаанд. Масалан, ба мақсади он ки назарияҳо ва конепсияҳои динӣ ва сиёсию исломии воридотии бегонаро ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистон зебо ва дар либосҳои мазҳабӣ музайян нишон диҳанд, роҳбарияти Наҳзат исломи мардуми мусулмони Тоҷикистонро ҳамчун хурофоту бидъат нишон медиҳад ва муборизаро бо онҳо ҳатмӣ меҳисобад. Ва ё ин ки ба мақсади ошкор насохтани заъфи илмӣ ва маърифатии худ дар умури динӣ, онҳо, тавре ки гуфтем, хатибону имомҳои масоҷид ва пешвоёни динии Тоҷикистонро пешфарзоёна аҳли низоъ қаламдод карда, аз чанг задан ба доварии Китоби Худо ва суннати Паёмбари ӯ (с) дурӣ меҷӯянд. Зиёда аз ин, бо вуҷуди он ки онҳо ростро чап ва чапро рост қаламдод мекунанд ва бо ҳар роҳ худро мӯъминини ростин нишон медиҳанд, аз шиори «дин бо сиёсат як аст» ба зарари дин, аммо ба нафъи сиёсат, махсусан сиёсати давлатҳои манфиатдори бегона сӯистифода мебаранд. Агар масъаларо бо таъбири Қуръонӣ баён кунем, онҳо дар истифодаи шиори дину сиёсат «тақлиб-ул-умур» менамоянд. Яъне чӣ? Дар Қуръони карим, дар ояти 48 аз сураи «Тавба» ибораи «қаллабу-лака-л-умура» («корҳоро ба ту чаппа нишон доданд») бисёр зарифона истифода шуда, ботил будани тазоҳур ба парҳезгории мунофиқин аз фитна ошкор карда шудааст. Ин нуктаро муфассири Қуръон Муҳаммад Аш-Шаъровӣ ба тариқи зайл тавзеҳ медиҳад: «Тақлиб падидаест, ки мо онро дар бозор хуб мушоҳида мекунем. Вақте ки ба назди фурӯшандаи мева меравӣ, мебинӣ, ки беҳтарини меваҳо бо диққат дар болои сабад гузошта шудааст. Аммо вақте ки харид мекунӣ, халтаи туро аз меваҳои пастсифат, ки дар таги сабад истодаанд, пур менамояд. Ва агар он чизро, ки ба халтаи ту гузоштааст, медидӣ, ҳаргиз намехаридӣ». Оғои Кабирӣ низ ба мисли фурӯшандаи мева, аз як тараф, бемавридона ва аз тарафи дигар, худраъёна аз ҳамин ояти карима истифода кардааст. Аммо ӯ ибораи қуръонии «қаллабу-лака-л-умура»-ро бо раъйи худ бо чунин тарҷума овардааст: «воқеиятро барои ту дигар нишон медоданд». Бояд тазаккур дод, ки дар ин ҷо калимаи «воқеият» ҳаргиз мафҳуми «умурро» баён карда наметавонад. Калимаи «воқеият» метавонад ҳодисаҳои табииро низ ифода намояд. Аммо дар ин таъбири зарифи Қуръонӣ сухан дар бораи (умури) корҳои дунявӣ ва корҳои динӣ, яъне яке (амри) кори марбут ба манфиатҳои дунявӣ ва дигар (амри) кори марбут ба ҷиҳод ҳамчун фаризаи динӣ меравад. Мунофиқон саркашии худро аз амри динӣ бо амри дигари динӣ, яъне парҳезгорӣ аз фитнаи занҳои масеҳӣ сатр мекарданд, мепӯшониданд ва бо ин восита ҳадафи худро, ки таҳриф ва чаппа нишон додани авлавиятҳо дар умур ва арзишҳои динию исломӣ буд, амалӣ кардан мехостанд. Аммо бояд гуфт, ки оғои Кабирӣ чунин тақаллубкорӣ карда истода, корҳои дунявӣ-сиёсиро бо либосу зиннатҳои динӣ зебо ҷилва дода, авлавиятҳои диниро дар роҳи сиёсати давлатҳои бегона қурбон карда истодааст. Ба ин мақсад ӯ омодааст, ки дар мавридҳои вобаста ба манфиатҳои ҳизб ва давлатҳои манфиатдори хориҷӣ тақлиб-ул-умур кунад ва ба фаъолияти Наҳзат ниқобҳои муносиби динӣ ва мазҳабӣ пӯшонад ва ба ҳиллаҳои идеологӣ ва найрангҳои сиёсӣ арзишҳои диниро, алалхусус арзишҳои мазҳабии тасаннун ва ташаюъро, бо ҳамдигар иваз намуда, ба фаъолияти сиёсии Наҳзат симои муқаддаси исломӣ бахшад. Аслан Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳизби сиёсии динӣ бошад ҳам, он дар моҳияти худ фавқуддинӣ ва фавқулмазҳабӣ аст. Масалан, ин ҳизб дар як сатҳи муносибатҳои сиёсӣ метавонад ба худ ниқоби демократӣ бахшад ва ба ин мақсад исломро бо демократия як ҳисобад. Дар сатҳи дигар, масалан, дар сатҳи муносибатҳои байналмилалии ҳизбӣ-давлатӣ, либоси ташаюъро ба бар карда, худро ҳомии арзишҳои мазҳабӣ-шиъӣ, аниқтараш дифоъкунандаи «Аҳли байт» нишон диҳад. Аввалан, Аҳли байт ба ҳимояи Наҳзат ниёз надорад. Сониян, дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг берун аз масъалаҳои мазҳабӣ мебошад. Аммо бо либоси нави Наҳзат мехоҳад имконият пайдо кунад, ки дар бозиҳои геополитикии байнидавлатӣ нақшу аҳамияти махсус касб намояд. Аз ин ҷост, ки вақтҳои охир Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ ва сарварии маънавии оғои Тӯраҷонзода бо фирқааш ба консепсияи шиъии «Аҳли байт» дар низоми динии идеологии худ ҷои махсус ҷудо намуда, бо ин восита мавқеи худро дар тағйир додани тавозуни қувваҳо дар Тоҷикистон ва таъсир расонидан ба равандҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ ва инчунин барои табдил додани худ ба як воҳиди радикалии сиёсию байналмилалӣ мустаҳкам сохта истодааст. Ҳикмати халқӣ ҳидоят мекунад, ки «илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бояд дид». Дар Тоҷикистон тамоми шароити муносиб барои инкишофи ҳуқуқ ва озодиҳои динӣ, ба хусус барои амиқ ва васеътар сохтани муносибати фарҳанги миллӣ бо мазҳаби ҳанафӣ ҳамчун заминаи стратегии ваҳдати динии ҷомеа, таъмини дарозмуддати асосҳои ҳуқуқии мубориза ба муқобили ифротгароӣ дар ниқобҳои динӣ-исломӣ, алалхусус маҳдуд сохтани фаъолияти баъзе доираҳои динӣ барои ҷалби ҷавонон ва кӯдакон ба амалҳои ифротгароӣ муҳайё мебошад. Миллати тоҷик ва давлати дунявии он бо амалӣ сохтани асли дунявият дар масъалаи озодии виҷдон ҷараёни рушду тараққии динро, махсусан бо тақвияти пояҳои фарҳангии мазҳаби Имоми Аъзам-Абӯҳанифа ба самти саодати маънавӣ ва фарҳангии мардуми кишвар равона сохта, ҳар гуна сиёсисозии гароишоти мазҳабӣ-зиддимиллиро пешгирӣ менамояд. Мутаассифона, дар шароити ҳассоси байналмилалӣ, рӯирост шудани дахолати геополитикии қудратҳои ҷаҳонӣ ҷиҳати ташвиқи нерӯҳои ифротии кишварҳо барои муташанниҷ сохтани вазъияти сиёсӣ, махсусан, дар давлатҳои тозаистиқлол хавфи авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротгароӣ ва таблиғи идея ва консепсияҳои фитнаангез ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ зиёд шуда истодааст, ки ҳадди ақал маънаван сади роҳи онҳо шудан қарзи шаҳрвандӣ ва ахлоқию динии ҳар як инсони ватандӯсту миллатдӯст мебошад. Аммо «Паём»-и Муҳиддин Кабирӣ ҳамчун роҳбари ҳизби сиёсӣ, ки дар он мавзӯъҳои зиёди баҳснок ва фитнаангези динӣ, алалхусус моҳияти даъватии онҳо барои мавқеъгириҳои ҳизбӣ-сиёсӣ нисбат ба масъалаҳои фирқавӣ-мазҳабӣ, сарфи назар аз ҳадафҳои идеологӣ ва сиёсии аҳзоб дар кишвар ва манфиатҳои геополитикии давлатҳои зинафъ ба ояндаи суботу амнияти ҷамъиятӣ дар мамлакат ва рушду таъмиқи робитаҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмиллалӣ таҳдиди ҷиддӣ менамояд, ки рафъи он дар тамоми сатҳҳо масъулиятӣ давлатӣ ва ахлоқӣ-динии зиёдро тақозо мекунад. Ва ин масъулият аз муносибати манфӣ доштан ба чунин паёмҳои ботил, заковату ҳикматдӯстии динӣ ва ҳушёрии сиёсӣ оғоз мешавад.Муродулло ДАВЛАТОВ, номзади илмҳои фалсафа