Ректори Академияи ВКД ҶТ: «Миралӣ Сайфиддиновро гунаҳкор ҳисобида наметавонам»

Январь 30, 2012 15:39

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар»).-Чанде пеш дар сомонаи Фейсбук навиштаи як гурӯҳ курсантҳои Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шуд, ки дар он курсантҳо дар мавриди бад будани муносибати яке аз устодони Академия бо онҳо ва зери фишори қатъӣ қарор доштанашон шикоят намудаанд. Ба қавли онҳо, чанд моҳ шуд, ки курсантҳо идрорпулӣ нагирифтаанд ва бо ташаббуси сардори воҳиди таълимии Академия полковник Миралӣ Сайфиддинов бисёре аз курсантҳои босавод , аз ҷумла Музаффар Камолов, ки як тани онҳост, аз Академия хориҷ гардиданд. Ҳамчунин дар шикоятнома омадааст, ки полковник Сайфиддинов ихтисоси байторӣ дошта, 10 сол дар ин соҳа фаъолият намудааст ва имрӯз бе маълумоти ҳуқуқӣ ба яке аз курсҳои Академия сарварӣ дорад.Шикояткунандагон хоҳиш доранд, ки журналистон вазъиятро таҳлил намуда, ба онҳо кӯмак намоянд.Мухбири АМИТ «Ховар» бо мақсади то кадом андоза ба воқеият наздик будани ин навиштаҳо бо ректори Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ генерал –майор Абдуҳаким Розиқзода, сардори факултаи №2 –и Академияи мазкур, полковники милиса Равшан Раҷабов ва як гурӯҳ курсантҳои бахши 3-юми факултаи №2, ( сарвараш Миралӣ Сайфиддинов) мусоҳиб гардид, ки фишурдаи онро дар зер пешкаши шумо мегардонем:-Мӯҳтарам генерал, назари шумо дар мавриди шикояти курсантҳо? Оё ҳамаи суханоне, ки онҳо нисбат ба рафтори М. Сайфиддинов изҳор доштаанд, дуруст аст?- Миралӣ Сайфиддинов дар ҳақиқат ихтисоси байторӣ дорад, аммо дар баробари ин, ӯ ҳамчунин дорои маълумоти дуюми олӣ-ҳуқуқӣ низ мебошад. Барои боварӣ ҳосил кардан шумо метавонед бо парвандаи ӯ шинос шавед. Маълумоти аввалашро ӯ дар давраи шӯравӣ гирифтааст ва бо иваз шудани сохтори ҷамъиятӣ на танҳо Сайфиддинов, балки бисёриҳо диданд, ки қадру манзалати касби интихобкардаашон дар ҷомеа кам шуд, такмили ихтисос ва тағйири равия карданд. Охир ин ҳуқуқи онҳост. Барои ин ман ӯро гунаҳкор ҳисобида наметавонам. То ба Академия омадан Миралӣ Сайфиддинов дар чанд сохтори дигари низомӣ кор кардааст, ҳатто вазифаи роҳбариро низ ба ӯҳда доштааст.Дар давоми ду соле , ки ӯ ин ҷо фаъолият дорад, ман ҳамчун роҳбари Академия ягон камбудии ҷиддӣ ё эроду шикоят нисбат ба кораш надидам. Он камбудиҳои ҷузъие, ки ҷой доранд, дар фаъолияти ҳама дида мешаванд.Ҳамин курси 3 ,ки сарвараш Сайфиддинов мебошад, ҳ ам аз рӯи ҷамъбасти нимсола ва ҳам аз рӯи ҷамъбасти ҳарҳафтаина, ки мо дорем, назар ба дигар курсҳо фаъолтар буда, дар байни чор бахш ҷои дуюмро ишғол мекунад. Оё мо метавонем сарвареро, ки воҳиди таълимияш яке аз беҳтаринҳост, бад гӯем? Мехостам як чизро ба таври махсус қайд кунам, ки дар Академия қуттие ҳаст, ки ба он курсантҳо ҳамаи арзу шикоят ва пешниҳодоташонро навишта мепартоянд ва калиди он танҳо дар дасти худам аст. Бинобар ин кадом курсанте, ки аз чизе норозист ва мехоҳад, ки камбудии ҷойдоштаро ба роҳбар расонад, аз ҳамин қуттӣ истифода мебарад. То имрӯз як қатор арзу шикояти донишҷӯён бо ҳамин роҳ ҳалли худро ёфтанд.-То ҷое, ки мо маълумот дорем, гӯё маҳз барои ҳамин масъала вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов ба Академия ташриф оварданд. Мехостем фаҳмем, ки баррасии масъалаи мазкур дар кадом сатҳ қарор гирифт?-Аввалан бояд гуфт, ки Рамазон Раҳимов на фақат барои фаҳмидани ин масъала, балки ҳамчун вазир аз Академияи мо дидан намуд. Баъдан дар қатори дигар масоили ҳалталаб ба ин масъала низ рушанӣ андохта шуд. Бале, вазир ба мо супориш доданд, ки ботил ё ҳақиқат будани ин масъала ҳар чӣ зудтар исбот карда шавад. Ҳанӯз то ташрифи вазир ман атрофи ин масъала бо донишҷуёни бахши сеюм, ки 169 нафарро ташкил медиҳанд, сӯҳбат намудам. Онҳо сардори бахшро пурра тарафдорӣ кардан два шикоятномаи болоиро инкор намуданд. Аммо ба ин ҳам нигоҳ накарда, то ҳал шудани ин қазия, супориш додам, ки роҳбарии курс ба ӯҳдаи ҷонишини М. Сайфиддинов вогузор шавад.-Рост аст, ки Музаффар Камолов — яке аз донишҷӯёни бахши сеюм- бо ташаббуси Сайфиддинов хориҷ карда шуд ва чаро курсантҳо то ҳанӯз идрорпулӣ (стипендия) нагирифтаанд ?-Камолов , ки дар шикоятнома бо номи Музаффар муаррифӣ шудааст, дар асл Муҳаммад Камолов мебошад ва дар ҳақиқат дар бахши мазкур таҳсил мекард, аммо дар нимсолаи дуюми курси 2 аз 8 имтиҳону санҷиш қарздор шуд. Дар баробари ин Камолов интизоми хуб ҳам надошт. Бо супориши роҳбарияти вазорат, тобистони гузашта мо 335 нафар аз Академия, барои иштирок дар паради ҳарбии 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ 2 моҳ тайёрӣ дидем. Дар ҳамин давра М. Камолов чандин маротиба низому тартиботро вайрон намуда, ба ҷазои интизомӣ кашида шуд.Ӯ аз давраи коммиссионии санҷишу имтиҳонҳо низ нагузашт, аммо мо ба ин ҳам нигоҳ накарда, ба хотири он, ки ба тариқи шартномавӣ таҳсил мекард, ӯро дастгирӣ намудем ва ба ӯ маслиҳат додем, ки ҷои кор ёбад ва дар факултаи ғоибона таҳсилашро идома диҳад. Умуман, парвандаи таълимии ӯ нишон медиҳад, ки дар давоми ду сол Камолов ягон маротиба санҷишу имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло насупоридааст ва ӯро донишҷӯи босавод ҳам наметавон гуфт.
 
Дар мавриди гирифтани идрорпулӣ сардори факултаи №2 полковники милиса Равшан Раҷабов афзуд, ки аз соли 2009 инҷониб ба ҳайси сардори факулта фаъолият дорад ва роҳбари Академия аз рӯзи аввали ба ин вазифа таъин шуданаш тарзи гирифтани идрорпулиро муайян намуд, ки бо назардошти натиҷаҳои санҷишу имтиҳонҳо ҳар як курсант зери назорати сардори бахш шахсан ба хазинаи Академия рафта, ба санади пулӣ имзо мегузораду ҳар моҳ сари вақт идрорпулиашро мегирад. «Ин фармони роҳбар аст ва иҷро кардани он барои мо низомиён дар мадди аввал мебошад. Ягон маҷлис ё ҷамъомаде нест, ки устод оид ба идрорпулӣ сухан нагӯянд, ба ин масъала таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, доимо такрор менамоянд, ки дар гирифтани идрорпулӣ нисбат ба донишҷӯе , ки дар ҳақиқат бовиҷдонона нимсоларо ҷамъбаст намудааст, ба беадолатӣ ҳаргиз роҳ дода нашавад. Тавре ки шумо шоҳид шудед, ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар асоси низомнома тартиб дода шудаанд»,- иброз дошт сардор. Зимни мусоҳиба бо қисми зиёди курсантон, аз ҷумла Сабзаалӣ Бозорзода, Раҳматулло Маҳмадов, Саъдӣ Одинаев, Фарзон Нуралиев, Камол Муҳаммадиев, Фурузон Бобохонов, Бахтовари Диловар ва дигарҳо, маълум гардид, ки аксари онҳо тарафдори сардорашон буда, далелҳои дар шикоятнома овардашударо рад намуданд. Курсантҳо ба хабарнигор гуфтанд, ки муносибати устодон бо онҳо хуб буда, дар масъалаи сифати таҳсил ва ҷараёни супоридани санҷишу имтиҳонҳо норасоиҳои ҷиддӣ ба назар намерасанд.Бахтовари Диловар мегӯяд, ки шикоятнома муғризона навишта шудааст, зеро ҳама медонанд, ки сардорашон маълумоти ҳуқуқӣ дорад. Миралӣ Сайфиддинов ҳамаро бо як чашм менигарад ва бо ҳама муносибати нек дорад.  Аз сӯҳбат бо роҳбарону устодони Академия ва курсантҳои он бармеояд, ки ин шикоятнома беасос буда, дар он ба унвони сарвари воҳиди таълимии Академия Миралӣ Сайфиддинов суханҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи устодию инсонии ӯро паст мезанад, оварда шудаанд.Мухбири агентӣ пас аз сӯҳбат бо устодону донишҷӯён ва бо чашми худ дидани рӯйхати гирандагони идрорпулӣ (ведомост) боварӣ ҳосил намуд, ки ягон далели шикоятнома ба ҳақиқат дуруст намеояд, зеро аз рӯйхат бармеояд, ки донишҷӯёни буҷавӣ ва онҳое, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил мекунанд, сари вақт идрорпулии худро гирифтаанд.
 
Миралӣ Сайфиддинов соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси байтор хатм намуда, 7 сол дар совхози калонтарини собиқ ноҳияи Куйбишев ( ҳозира А. Ҷомӣ) фаъолият намудааст. Соли 2006 Академияи Вазорати корҳои дохилиро ба итмом расонида, ба ҳайси афсари калони шӯъбаи тиббию биологии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ, сардори шӯъбаи ҳифзи тиббию биологии Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ , сардори Раёсати қушӯнҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ , командири қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи назди Ҳукумати ҶТ, сардори Хадамоти автомобилӣ ва техникаи зиреҳпӯши низомии Раёсати қушунҳои дохилии ВКД ҶТ ва сардори бахши навбатдории фаврии раёсати мазкур кор ва фаъолият намудааст. Ба Академия соли 2010 ба кор омада, муовини сардори воҳиди таълимӣ таъин шудааст. Вазифаи сардори воҳиди таълимии низомии Академияи ВКД –ро соли 2011 ба зимма гирифтааст. Соҳиби медалу ифтихорномаҳо мебошад.Музаффар ё худ Муҳаммад Камолов , ки дар шикоятнома ҳамчун донишҷӯи босавод ва ҷабрдида нишон дода шудааст, дар асл аз санҷишу имтиҳонҳо қарздор буда, то имрӯз ягон баҳои хубу аъло надорад, ки ба ин низ хабарнигор аз санадҳои мӯътамад итминон хосил намуд.Худи Камолов низ ин гуфтаҳоро зимни сӯҳбати телефонӣ тасдиқ намуд ва афзуд, ки дар навиштани шикоятнома дар сомонаи интернетӣ даст надорад.Хулоса, метавон гуфт,ки чунин номаҳои беноми пур аз бӯҳтону дурӯғ на танҳо ба шаъни донишҷӯёну устодони Академия иснод меоваранд, балки шарафи Академияро , ки яке аз муассисаҳои бонуфузи ҳарбии кишвар ба ҳисоб меравад, низ коста менамоянд. Боқӣ қазовати ин масъаларо ба худи хонандагон вогузор мекунем…
 
Маълумотнома : Академияи ВКД ҶТ яке аз муассисаҳои давлатӣю илмӣ ба ҳисоб рафта, мутобиқи фармони рақами 519-и Ҳукумати ҶТ аз 30 декабри соли 2000 аз Мактаби олии ВКД ба Академияи ВКД табдил дода шудааст. Дар айни ҳол, Академияи мазкур дар тобеияти худ 5 факулта, 18 кафедра ва 22 шӯъба дорад.

Январь 30, 2012 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад