Риояи қонун -вазифаи аввалиндараҷаи соҳибкор

Январь 30, 2012 17:05

Душанбе, 30 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Бо мақсади таъмини рушди минъбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз тарафи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста корҳои назаррас амалӣ карда мешаванд. Аммо, мутаасифона, имрӯз аксар соҳибкорон аз имкониятҳои пешбининамудаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсадҳои ғаразнок истифода менамоянд. Мутахассисони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат корҳои санҷишиву назоратиро дар корхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Синои пойтахт ба роҳ монда, дар фаъолияти соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда қонуншиканиҳои зиёдро ошкор намуданд. Рафти санҷиш дар ҶДММ «Алмос-тиҷорат», воқеъ дар маҳаллаи Бадриддин Ҳилолии шаҳри Ваҳдат, ки роҳбараш шаҳрванди Ҷумҳурии Афғонистон Қурбон Шукуруддин мебошад, муайян кард, ки корхона маҳсулоти хамираи ҷомашӯиро аз Ҷумҳурии Эрон ворид намуда, бо ҷалби 21 нафар коргари кироя маҳсулотро дар зарфҳои коғазини ба истилоҳ “Ҳелен”, “Дарё”, “Так” ҳамарӯза омода сохта, пешкаши мизоҷон мегардонад. Аммо дар бораи он, ки маҳсулот то куҷо ба талабот ҷавобгӯ мебошад, то лаҳзаи ворид шудани гурӯҳи корӣ масъулини корхона боре сари ин масъала наандешидаанд. Бино ба маълумоти сармуҳосиби корхона Зулфия Акрамова ҶДММ «Алмос- тиҷорат» анбори нигаҳдории бору маҳсулотро аз ҶДММ «Музаффар» ба иҷора гирифта, фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондааст.Тавре ки ба мушоҳида расид, дар анбори ҶДММ “Алмос-тиҷорат” беш аз 20 тонна маводи хом дар борхалтаҳои ғунҷоишашон 20 кг нигоҳ дошта мешуд. Ин маънои онро дорад, ки роҳбарияти корхона харидорони зиёдро ба маҳсулоти худ бо пули нақд ҷалб карда тавонистааст, вале муомилотро дар тӯли як сол бе истифодаи мошини назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ анҷом додааст. Аз тарафи мутахассисони Кумитаи андоз нисбат ба соҳибкори мазкур ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ андози иловагӣ ҳисоб гардида, ҳамчунин протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд ва барои нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт тибқи моддаи 602 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶДММ “Алмос-тиҷорат” ҷаримабандӣ шуда, маблағи ситонидашуда пурра ба буҷа ворид гардид. Дар дохили ҶДММ “Музаффар” боз чандин анборҳои алоҳида бо чунин тарзи маҳсулоттайёркунӣ фаъолият доштанд, вале бо ворид шудани гурӯҳи корӣ дарҳои анбор баста гардиданд.Орд маҳсулотест, ки аҳолӣ пайваста аз он истифода мекунад ва дар бораи бо кадом тарз омода кардани ин навъи маҳсулот аксари харидорон андешаҳои гуногун доранд. Аммо ҳаминро бояд қайд кард, ки мутахассисони Агентии Тоҷикстандарт шароити беҳтару хубтар ва ҷавобгӯи талаботи санитариро дар чунин корхонаҳо пеш аз оғози фаъолият мусоид медонанд, зеро саломатии инсон пеш аз ҳама ба истеъмоли маҳсулоти хушсифат вобаста аст. Аммо дар бисёр ҳолат корхонаҳои истеҳсоли орд баръакси ҳол амал мекунанд. Санҷиши муштараки гурӯҳи кории Кумитаи андоз ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сехи истеҳсоли орд, воқеъ дар кӯчаи Бадриддин Ҳилолии шаҳри Ваҳдат нишон дод, ки корхонаи мазкур дар дохили ҶДММ ”Шолӣ “ ҷойгир буда, ба шаҳрванд Абдуҷаббор Шеров тааллуқ дорад ва роҳбари корхона бо ҷалби 7 нафар корманди кироя 3 моҳ боз фаъолияти соҳибкориро ба роҳ мондааст. Ҳангоми ворид шудан ба сехи мазкур аввалин “манзара”-е, ки диққати касро ба худ ҷалб мекард, порую партови паррандаҳо дар болои халтаҳои орд буд, ки чунин муносибат зарбулмасали “Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ба ёд оварда, аз хунукназариву беаҳамиятии масъулини корхона дарак медод. Вале ҳамин нуктаро набояд фаромӯш кард, ки масъулияти ҳар амалеро, ки шахс ба ӯҳда мегирад, бояд зери назорати қатъӣ бигирад, бахусус дар мавриди истеҳсоли маводи озуқаворӣ. Илова бар ин маҳсулоти ордии тайёркардаи онҳо, ки зиёда аз 5 тоннаро ташкил мекард, дар борхалтаҳое, ки нишонаи молии орди Қазоқистонро доштанд, ҷойгир шуда буд. Таҳлил ҳамчунин муайян намуд, ки бо мақсади фиреб додани истеъмолкунанда дар ҳар як борхалта 42- 43 кг маҳсулот пур карда шудааст. Агар ин нуктаро ба таври дигар шарҳ диҳем, аз ҳар халтаи 50 килоӣ 7 кг ҳаққи харидор ба яғмо меравад. Бар замми ин соҳибкори мазкур тайи се моҳ бе қайди мақомоти андоз фаъолияти соҳибкориро идома додааст. Аз тарафи мутахасисони Кумитаи андоз роҳбари корхона Абдуҷаббор Шеров мутобиқи моддаи 617 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ бидуни қайд дар мақомоти андоз ба ҷаримаи маъмурӣ кашида шуд. Ҳамчунин ҳолати қонунвайронкуниҳои андоз дар фаъолияти соҳибкори инфиродӣ Абдураҳим Тағоев, ки ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ машғул аст, ошкор карда шуд. Номбурда тайи як соли охир фаъолияти худро дар ин самт бо ҷалби 10 нафар коргари кироя ба роҳ монда, дар ҳисоботи ҳармоҳаи андоз шумораи коргарони кирояро 5 нафар нишон додааст. Дар натиҷа барои нигоҳ надоштани андоз дар манбаи пардохт нисбат ба соҳибкори мазкур мутобиқи талаботи муқарраршуда дар мавриди ҷарима ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ протоколи маъмурӣ тартиб ва маблағ ба буҷа ворид карда шуд.Санҷиши муштараки кормандони Кумитаи андоз ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар чандин корхонаҳои дигари шаҳри Ваҳдат идома ёфта, қонуншиканиҳои зиёд ошкор ва барои пешгириву ба андозбандӣ ҷалб намудани онҳо аз тарафи гурӯҳи корӣ чораҳои аввалиндараҷа аз қабили протокол ва ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, дар маҷмӯъ аз ин ҳисоб маблағи зиёда аз 20 ҳазор сомонӣ ба буҷаи давлатӣ ворид карда шуд. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, имрӯзҳо на ҳамаи қонунгузориҳо аз ҷониби соҳибкорони ба истеҳсолот машғулбуда риоя карда мешавад. Боиси тассуф аст, ки бештари вақт соҳибкорони хориҷӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда, бо вуҷуди имтиёзу дастгириҳо ба қонуншиканиҳои зиёд роҳ медиҳанд. Онҳо баръакс дар бисёр ҳолатҳо аз сабукиҳои қонун истифода бурда, фаъолияти соҳибкориро танҳо бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои шахсӣ ба роҳ мемонанд. Аммо ҳаминро бояд қайд кард, ки риояи қонун вазифаи аввалиндараҷаи ҳар шаҳрванд ба шумор рафта, назорат ва пешгирии қонуншиканӣ вазифаи ҳар корманди мақомоти дахлдор ба ҳисоб меравад.

Январь 30, 2012 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Мураббои анҷир кори дил ва рагҳои хунгардро муътадил мегардонад
Дар ҳашарҳои экологӣ 9 км канори шоҳроҳи мошингарди Исфара-Хуҷанд аз партовҳо тоза карда шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид