Рустами Эмомалӣ — президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон
Душанбе, 5 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Субҳи имрӯз дар толори меҳмонхонаи «Hyatt Regency» конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи мамлакат баргузор шуд. Дар кори конфронс намояндаи федератсияи байналмилалии футбол Валерий Чухрий, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Маликшо Неъматов ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд. Президенти ФФТ Сӯҳроб Қосимов, ки 10 соли охир роҳбарии ин ташкилотро бар дӯш дошт, аз фаъолияти федератсия дар солҳои 2008- 2011 ҳисобот дода, дар мавриди мушкилоти соҳа сухан ронд ва аз ҷумла гуфт, ки «Мутаассифона, баъди солҳои 2007 дастаҳои футболи кишварҳое, ки мо солҳои пешин бо ҳисоби калон онҳоро мағлуб мекардем, дастаҳои Тоҷикистонро мағлуб намуданд». Бале, мушкилот дар футболи кишвар ҷой дорад ва барои ҳалли он чораҳои ҷиддӣ ва назари нав зарур аст. Бо вуҷуди ин дар ин давра 118 нафар мураббӣ соҳиби литсензияи «С», 42 нафар соҳиби литсензияи «Б» ва 18 нафар соҳиби литсензияи «А» гардидаанд. Масъалаи ҳисоботи молиявӣ ва интихоби президенти ФФТ бе ҳузури рӯзноманигорон сурат гирифт. Дар натиҷа ягона номзад ба мақоми президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ бо кулли овозхои вакилон ба мӯҳлати 4 сол президенти нави Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Валерий Турсунов-ноиби аввал, Азизбек Раҷабов- ноиб ва Фирдавс Файзуллоев дабири кули федератсия интихоб шуданд. Акнун гурӯҳи нав баҳри татбиқи идеяҳои нави худ дар футбол ба кор шурӯъ мекунад.








Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад






