Сабрия-ғолиби мусобиқаи шоҳмот
Кӯлоб, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Ф.Мадаминов). – 18 январ дар мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб мусобиқаи варзишӣ доир ба шоҳмот гузаронида шуд. Мақсад аз баргузории мусобиқа тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи солим ва мубориза бар зидди рафторҳои номатлуб мебошад. Дар мусобиқа хонандагони ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳр ва берун аз он ширкат варзида, хонандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 8 – и шаҳр Шоҳзамон Мадаминов ва миёни ҷавондухтарон хонандаи мактаби таҳсилоти умумии рақами 2-и шаҳр Сабрия Шерхонова ҷои якумро сазовор гардиданд. Ғолибон бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






