Садамаи нақлиётӣ дар ҷануби кишвар
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 1 январ дар ҷануби кишвар рух дод, 6 нафар ҳалок гардида ва як нафар бистарӣ шуд.Мувофиқи хабари маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ронандаи мошини тамғаи «Меrsedes bens» Ҳувайдулло Наҷмиддини 24 – сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ёвон ба сӯи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада ва он ба дарахт бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин ронанда ва панҷ нафар мусофирон ҷароҳатҳои сахт бардошта, дар маҳалли ҳодиса ҳалок гардиданд. Як мусофири дигар сахт маъюб шуда, дар беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ шудааст.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






