Сафири Ӯзбекистон ба ВКХ ҶТ даъват шуд
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Имрӯз, 4 январи соли 2012, ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқоли газ ба Ҷумҳурии Тоҷикистонро бидуни огоҳии пешакӣ қатъ намуд. Дар робита бо ин имрӯз, 4 январ, Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҶТ ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, Номаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба ӯ супурда шуд.Ҷониби Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки ин масъала ҳарчи зудтар ва ба таври мусбат ҳал мешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






