Душанбе, 9 январ. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Сармураббии нави клуби футболи «Сибир» Алекс Миллери 62 сола таъин шуд. Аз ин пештар Миллер дар дастаҳои «Хайберниан» ва АИК, инчунин дастаи «Ливерпул», ки соҳиби ҷоми лигаи Аврупо шуда буд, ба ҳайси сармураббӣ ва мураббии дуввум кор кардааст.