Семинарҳои муаллимон

Январь 18, 2012 14:46

Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар давраи таътили зимистонаи мактабиён дар раёсатҳои шаҳрию вилоятии маорифи кишвар семинару шӯроҳои муаллимони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ баргузор мешаванд.Чанде пеш дар Маркази такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе барои муаллимони фанҳои геология, экология ва ҷуғрофия яке аз чунин семинарҳо дар мавзӯи «Идораи партовҳои сахти рӯзгор дар Тоҷикистон» баргузор гардид, ки дар кори он қариб 35 нафар муаллимони 20 мактаби пойтахт иштирок доштанд.Дар хотимаи семинар ба муаллимон пешниҳод шуд, ки машқҳои махсусро таҳти унвони «Нақши экологӣ» худашон иҷро кунанд.Дар ин бора аз ташкилоти экологии «Замини хурд» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Январь 18, 2012 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд