Тӯҳфаҳои вазир
Душанбе, 3 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ба мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо шароити зист ва таҳсили тарбиятгирандагони он аз наздик шинос гардид. Дар муассисаи мазкур кӯдакони ҷисман ноқис – нобиноён ва узви босираашон суст ба таълим фаро гирифта шудаанд.Вазири маориф кӯдаконро бо соли нави 2012 табрик намуда, ба онҳо саломатӣ ва таҳсили аъло орзу карда, тӯҳфаҳои идона ва либосҳои зимистона тақдим намуд. Ҳамчунин баҳри таъмини шароити мусоиди зист ва вазъи маишии тарбиятгирандагон ба мактаб-интернат маводи ғизоӣ ва 20 адад кати хоб расонида шуд. Инчунин рӯзҳои наздик ба мактаб ҷевону қолин фиристонида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Сиддиқ Муборак, котиби матбуотии Вазорати маориф иттилоъ дод.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






