Тағйироти нави кадрӣ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Зайдов аз мақоми раиси шаҳри Роғун барканор шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав таъйин гардид. Раиси нави шаҳри Роғун Шариф Файзибоевич Шарифов таъйин шуд. Раҳматуллои Пӯлод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод гардид. Умедхоҷаи Зоҳир аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод шуда, ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷиргатол ва Акрам Сулаймонов, ки қаблан муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъйин гардиданд. Раиси ноҳияи Ҷиргатол Аслонбек Абдураҳмонов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мақомаш барканор шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






