Таъмини ҳуқуқи кӯдакон ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар соли 2011 аз ҷониби сохторҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо мақсади мусоидат намудан ҷиҳати беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сазовор, ҳамгироӣ ва мутобиқати иҷтимоии пиронсолони яккаву танҳо, маъюбон, офиятбахшии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта тавассути хизматрасониҳои иҷтимоӣ корҳои зиёд анҷом дода шуданд.Дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 14 маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ва будубоши рӯзона ва 37 шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амал менамояд ва дар ин марказҳо ба 1863 нафар ниёзманд хизмати иҷтимоию тиббӣ, равонӣ ва машварати ҳуқуқӣ расонида шуда, зиёда аз 330 нафари онҳо ба таври ройгон бо хӯроки гарм таъмин гардиданд. Ҳашт адади ин марказҳо аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва шаш адади онҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд. Чор адади ин муассисаҳо барои офиятбахшии иҷтимоии кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд пешбинӣ шудааст. Дар ин марказҳо дар як даври қабул, ки аз 3 то 6 моҳро дар бар мегирад, ба 284 нафар кӯдаки маъюб корҳои беҳдоштию тавонбахшӣ гузаронида мешаванд. Ин марказҳо ба пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии кӯдакони имконияташон маҳдуд мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи онҳоро ба тандурустӣ, таҳсил, рушд ва тарбия таъмин мекунанд. Марказҳои номбурда бо дастгирии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои соҳибихтисос, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд, таъмин мебошанд.








Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
«Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамкории дарозмуддатро тасдиқ намуданд
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 10 дараҷа гарм мешавад
Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд






